logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"

Моддаи 1. Сархати даҳуми моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 166, № 6, мод. 429; с. 2010, № 3, мод. 158;  с. 2011, № 6, мод. 452; с. 2012, № 8, мод. 834, № 12, қ. 1, мод. 1008; с. 2013, № 7, мод. 542, № 12, мод. 905; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 425; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1106; с. 2016, № 3, мод. 156) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- шахси мансабдори давлатӣ – шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбати шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1406


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 14 декабри соли 2016, № 661


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 347


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2017    №: 46-47    Мутолиа карданд: 1719

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед