logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 1997 «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 160; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 167; с. 2003, № 12, мод. 699; с. 2009, № 3, мод. 90; с. 2016, № 7, мод. 630)  тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар матни Қонун калимаҳои «Ин Қонун» ва «ин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 1 калимаҳои «муқаррар менамояд» ба калимаҳои «танзим менамояд» иваз карда шаванд.
4. Моддаҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 2. Хусусигардонии моликияти давлатӣ
Хусусигардонии моликияти давлатӣ - фаъолияти аз тарафи давлат  мувофиқи  тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда оид ба додани молу мулки таҳти моликияти давлатӣ қарордошта ба моликияти хусусии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Хусусигардонии моликияти давлатӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Қонуни мазкур танзим мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.».
5. Ба сархати дуюми моддаи 5 пас аз калимаи «вилоятҳо,» калимаҳои «шаҳри Душанбе,» илова карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 6:
- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«татбиқи сиёсати давлатиро  дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ таъмин менамояд;»;
- дар сархати якум калимаҳои «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаи «муқаррар» ба калимаи «тасдиқ» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи «оперативӣ» ба калимаи «дахлдор» иваз карда шавад.
7. Моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ
Ваколатҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар соҳаи хусусигардонӣ, ки аз моддаи 5 Қонуни мазкур бармеоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.».
8. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаҳои  «моликияти махсуси» ва «мақомоти идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ» мувофиқан ба калимаҳои «моликияти истисноии» ва «мақомоти давлатӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми дуюми моддаи 10 калимаҳои «фонди оинномавии» ба калимаҳои «сармояи оинномавии» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми дуюми моддаи 11 калимаҳои «муайян мекунад» ба калимаҳои «амалӣ менамояд» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 14 калимаи «арзишноки»  ба калимаи «қиматноки» иваз карда шавад.
12. Ба қисми сеюми моддаи 142 пас аз калимаи «директорони» калимаҳои «(Шӯрои нозирони)» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                                           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1402


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 ноябри соли 2016, № 622 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 343


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2017    №: 46-47    Мутолиа карданд: 1338
18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед