logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 166, №6, мод. 429; с. 2010, № 3, мод. 158; с. 2011, № 6, мод. 452; с. 2012, № 8, мод. 834, № 12, қ. 1, мод. 1008; с. 2013, № 7, мод. 542, № 12, мод. 905; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 425; с.2015, № 12, қ.1, мод. 1106; с. 2016, № 3, мод. 156) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати сеюми моддаи 1, матни моддаи 4 ва сархати шашуми қисми 3 моддаи 11 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар ном ва матни моддаи 14 калимаҳои «Делои» ва «делои» мувофиқан ба калимаҳои «Парвандаи» ва «парвандаи» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 15:
- дар қисми 1 калимаҳои «(ному насаб)» ба калимаҳои «(насаб, ном ва номи падар)» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «делои» ба калимаи «парвандаи» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 16:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- агар шаҳрвандии давлати дигарро дошта бошад;»;
- сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада, шаҳрвандии давлати дигарро гирифта бошад;
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад;».
5. Дар қисми 2 моддаи 18 калимаҳои «Тартиби гузаронидани озмун ва намудҳои онро» ба калимаҳои «Қоидаҳои гузаронидани озмунро» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 23:
- дар сархати сеюм калимаҳои «гирифтани шаҳрвандии давлати хориҷӣ» ба калимаҳои «соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар» иваз карда шаванд;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- гирифтани нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ;».
7. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 27 калимаи «делои» ба калимаи «парвандаи» иваз карда шавад.
8. Ба қисми 1 моддаи 28 сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- аз рӯзи гирифтани иттилооти расмӣ дар бораи қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, хабар диҳад;».
9. Дар сархати шашуми моддаи 30 калимаҳои «воситаҳои молиявии хориҷӣ» ба калимаҳои «воситаҳои молиявӣ ва моликият дар хориҷа» иваз карда шаванд.
10. Ба моддаи 41 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Дар мавриди такроран ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин (интихоб) шудани шахсоне, ки нафақа мегиранд, пардохти нафақаи онҳо қатъ карда мешавад. Ҳангоми аз мансаб озод шудани чунин шахсон пардохти нафақаи онҳо дар асоси собиқаи корӣ дар рӯзи охирини аз мансаб озод шуданашон аз нав барқарор карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 феврали соли 2017, № 1405

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 02 ноябри соли 2016, № 606

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 346


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2017    №: 46-47    Мутолиа карданд: 1061

24.04.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Вусъати ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ

Марди накуном намирад ҳаргиз

Ғалабаи хонандаи тоҷик дар бозиҳои XII Делфи

ДАЪВАТ. Сафи ихтиёриён меафзояд

ЗАФАРОБОД. То ҳосилнокӣ беҳтар шавад...

РОҲҲО агар ободанд...

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Қирғизистон ҷангие дастгир шуд, ки нияти амалҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ – ро дошт

Пентагон: «ДИ» пойтахташро аз Раққа ба Дайр - уз - Зор кӯчонд

Арабистони Саудӣ хароҷоти ҳарбияшро 30 дарсад кам кард

Дар Британия як рӯзро бидуни истифодаи ангишт гузаронданд

Суди Имреа телефони мобилиро ба саломатӣ зарарнок ҳисобид

21.04.2017


Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шуд

Баррасии таҳкими муносибатҳо

Русия азм дорад, ки дар Суғд корхонаҳои саноатӣ созад

Ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ

Як нишасти муҳим

Ситоди назди раиси вилоят

Ҷаҳон дар як сатр

Амали террористӣ дар майдони Елисейи Париж

Ҳалокати корманди созмонҳои башарӣ дар Судони Ҷанубӣ

Вазири корҳои хориҷии Олмон ба Башики Ироқ рафт

Дар ду соли наздик Туркманистон ба афзоиши баландтарини ММД ноил мегардад

Сукерберг матнро бо неруи фикр чоп кардан мехоҳад

20.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Пратибҳа Меҳта

Муқовимат бо коррупсия маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд

Тоҷикистону Малайзия ҳамкориҳоро тавсеа мебахшанд

Афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ

Бо амри дил

35 МЕДАЛИ хонандагони Душанбешаҳр

НОРАК. Шаҳрро зебоӣ мебахшем

ТОҶИКОБОД. Авлавият ба дастгирии ниёзмандон

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед