logo

сиёсат

МУҶИБИ СУЛҲУ АМОНӢ

Муқовимат бар терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро бо тамоми ҷузъиёташ қотеона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарнок пуштибонӣ менамояд.

Мубориза бар зидди идеологияи террористӣ дар худ маҷмӯи тадбирҳои мушаххаси ташкилӣ, сиёсӣ - иҷтимоӣ, иттилоотӣ - таблиғотиро таҷассум намуда, бояд ба пешгирӣ ва решакан гардидани ин зуҳуроти нангин дар ҷомеа мусоидат кунад.
Аксари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Дар ин маврид, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи гароиш ба таъсироти номатлуби гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле осебпазир мебошад.
Ҷавонон, ки аслан ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ (максимализм) хос мебошад, аз ҷониби дигар аз нигоҳи иҷтимоӣ ва равонӣ пурра ба камол нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтанд. Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ бо дарназардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои дурӯғин, бавижа ҳалли мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон аксаран ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал карда наметавонанд, балки муаммоҳои зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаашонро торику мавҳум мекунанд.
Дар ин масир метавон ғояҳоеро пешниҳод намуд, ки барои кам гардидани зуҳуроти радикалӣ сабаб мешаванд. Густариш ва таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ дар тарбия ва таълими ҷавонон метавонад ба ин амр мусоидат намояд. Донистани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии худ дар насли ҷавон барои бедории ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигар афрод мадад  мерасонад.
Имрӯз васоити ахбори омма неруи тавонои созандае мебошад, ки онро бояд баҳри иттилоотонии шахсони алоҳида, ҷомеа ва озодиҳои демократӣ, инчунин алайҳи хатарҳои таҳдидкунандаи инсоният истифода намуд. Муборизаи иттилоотӣ бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз омилҳои муҳими мубориза бо ин таҳдидҳо буда, мутаносибан дар муттаҳидсозии кӯшишҳои иттилоотӣ чӣ дар сатҳи минтақавӣ ва чӣ дар сатҳи мамлакат бидуни шубҳа хеле муҳим мебошад.
Ҳамгироӣ дар ҷомеа муҷиби сулҳу амонӣ дар сайёра мебошад. Ҷавононро зарур аст, ки ҳамзистию ҳамгироиро, новобаста аз ҷойгоҳи маънавию фарҳангӣ, асоси рӯзгори хеш қарор диҳанд. Тавонанд ба шахсияти худ аз нигоҳи интиқодӣ назар афкананд, арзишҳо ва камбудиҳои худро шиносанду ба дину эътиқод ва фарҳанги  ҷомеаҳои дигар эҳтиром гузоранд.
Сарвари давлат беҳуда нагуфтаанд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Диловар ҚОДИРЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2017    №: 46-47    Мутолиа карданд: 1043

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед