logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

2 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли мамнуният дастрас гардидани табрикоти самимии Шуморо  ба муносибати 25 - солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид менамоям.
Шинохти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҷараёни эътирофи Истиқлолияти давлатии кишвари моро аз ҷониби дигар аъзои он вусъат бахшида, барои воридшавии Тоҷикистони соҳибихтиёр ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Мо нақши бузургу таърихии Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвари худ баланд арзёбӣ менамоем.
Тайи солҳои сипаришуда имкониятҳои ин минбари умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди ибтикороти умдаи дархӯри ниёзмандиҳои ҳамаи башарият, бахусус дар соҳаи об, мавриди истифода қарор дошт.
Боиси қаноатмандист, ки ҳамшарикии мо бо сохторҳои фаръию махсусгардондашуда ва агентию муассисаҳои он тадриҷан васеъ гардида, имрӯз дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади рушди устувор қарор доранд.
Изҳори итминон менамоям, ки ин санаи муборак ба марҳалаи ҷадиди рушди муносибатҳои мо ҳусни оғоз хоҳад бахшид.
Мо омодаем, ки ҳамкориҳои судмандро бо Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ идома дода, дар раванди расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои он саҳми босазо гузорем».

2 март Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерреш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Мехоҳам табрикоти хешро ба Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25 - солагии узвияти кишвари Шумо дар Созмони Милали Муттаҳид изҳор намоям.
Ман аз дастгирии Ҳукумати Шумо аз фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипоси беандоза мекунам. Тоҷикистон кишвари пешбари воқеии масъалаҳои марбут ба рушди устувор ва мудирияти захираҳои об аст. Ман Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро, инчунин ба муносибати таҷлили 20 - солагии истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ табрик мегӯям. Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ба ҳайси шарики сулҳ ва рушд эътироф мекунад. Ман мехоҳам бавижа ба кишвари Шумо барои ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ ва намояндагони Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон миннатдорӣ арз намоям.
Ман мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки Созмони Милали Муттаҳид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва ноилшавии мардуми Тоҷикистон ба рушди устувор ҳамкории зич хоҳад кард.
Эҳтиромоти фоиқаи маро, Ҷаноби Олӣ, қабул фармоед».

2 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати 25 - солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия табрику таҳният мегӯям.
Боиси қаноатмандист, ки  тайи ин давра кишварҳои мо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила равобити ҳасана ва ҳамкориҳои судманди байнидавлатиашонро ба роҳ монда, ҷиҳати рушди онҳо пайгирона талош меварзанд.
Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳарчи бештари муносиботи дӯстонаи миёни ду кишвар буда, таъкиди омодагӣ менамояд, ки минбаъд низ дар ин самт имкониятҳои мавҷударо мавриди татбиқ қарор диҳад.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба ҷаноби Президент саломатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Финляндия амну амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам».

2 март Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Президент!
Хоҳишмандам табрикоти маро ба муносибати 25 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Финляндия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Бесаброна таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаамонро интизорам».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2017    №: 50    Мутолиа карданд: 971

29.05.2017


Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарвазирони давлатҳои ИДМ

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Баррасии масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он

Номаҳои шодбошӣ ба унвони Ҳошим Гадоев

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат - раҳнамои ҷавонон

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳаёти беш аз 24 миллион кӯдак зери хатар аст

Сарони G7 мубориза бо киберҷинояткоронро пурзӯр карданианд

НАТО ба эътилофи байналмилалӣ алайҳи “ДИ” ҳамроҳ мегардад

Маскав ба СММ лоиҳаи конвенсияи мубориза бо киберҷиноятро манзур сохт

Теъдоди ҷиноятҳои террористӣ дар Русия 10 маротиба коҳиш ёфт

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед