logo

маориф

ТАРБИЯИ ЭКОЛОГӢ ДАР ОИЛА ВА БОҒЧА КАМОЛ МЕЁБАД

Мусаллам аст, ки имрӯз масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва мушкилоти марбут ба он аз масоили мубрами ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд, зеро дар назди башарият хавфи падид омадани буҳрони экологӣ вуҷуд дорад. Дар ҳалли масъалаи мазкур баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Тарбияи экологӣ ва муҳаббат ба табиат аз унсурҳои рушд ва солимии ҷомеа буда, шурӯъ аз оила ва боғча минбаъд бояд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ идома ёбанд.

Барои ташаккули маърифати экологии наврасону ҷавонон ва умуман, баланд шудани маърифати экологии ҷомеа омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, бахусус таълими фанҳои география, биология, химия, физика муҳиманд. Бо омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин муносибати дурусту оқилонаро ба табиат омӯхта, зарурати ҳифзи биосфера, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, афзун намудани сарватҳои сайёраро дарк месозанд. Инсоният дар муҳити зисти аз нопокию харобӣ ҳифзшуда саломат умр ба сар мебарад. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист то андозае ҳимояи генофонди башарият низ  ҳаст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санаду ҳуҷҷат ва барномаҳои давлатии марбут ба экология ва ҳифзи табиатро қабул кардааст, ки ба рафъи воқеии мушкилот дар ин самт ва баланд бардоштани ҳисси масъулият ва маърифати шаҳрвандон барои ҳифзи табиат мусоидат менамоянд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологӣ»,  «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», “Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот”, “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ”, “Дар бораи олами ҳайвонот” ва «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» аз ҷумлаи онҳоанд. Ҳадафи ин қонуну барномаҳо такмили асосҳои сиёсати давлатӣ оид ба маърифат ва тарбияи экологӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, беҳтар намудани вазъи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти солими аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Амалисозии ин санадҳо барои рушди устувори ҷомеа ва тараққиёти иқтисодиёти сабз мусоидат менамояд.
Марҳилаи томактабӣ яке аз давраҳои муҳимтарин дар раванди тарбияи экологист. Тарбияи экологии кӯдаконро дар кӯдакистонҳо асосан тавассути гузарондани машғулиятҳои экологӣ ба роҳ мондан мумкин аст.
  Шаклҳои асосии кор барои ташаккул додани донишҳои экологии кӯдакон саёҳат, сайругашт, бозӣ дар гӯшаи табиат, майдончаи кӯдакистон ва таҳлилу суҳбатҳо аз мушоҳидаи кӯдакон дар ин самт ба шумор мераванд. Чунин машғулиятҳо имкон медиҳанд, ки донишу маълумоти экологии кӯдакон пайваста ташаккул дода шавад. Умуман, тарбияи экологии кӯдакон дар кӯдакистонҳо на дар машғулиятҳои назариявии яклухту холис, балки зимни бозию машғулиятҳои дилхушкунанда таҳти роҳбарии мураббия мувофиқи синну соли кӯдакон сурат мегирад. Кӯдакон зимни бозӣ, саволу ҷавоби мураббия ва ҳамчунин, пурсишҳои бевоситаи худ соҳиби донишҳои одитарин оид ба ҳодисаҳои табиат, олами набототу ҳайвонот, замину осмон, гулу гиёҳ, сангу хок, обу оташ ва амсоли инҳо мегарданд, ки ин ибтидои маърифати экологии онҳост.
Гузарондани машғулиятҳо ҷиҳати тарбияи экологии кӯдакон аз мураббӣ дониш, маҳорат ва малакаҳои махсуси педагогиро талаб менамояд. Мураббӣ бояд забони ширин, муомилаи хуб, чеҳраи кушода ва дар баробари ин, лаёқату маҳорати баланди додани маълумотро дошта бошад, то ки бо забони содаю фаҳмо кӯдаконро тадриҷан бо табиат ва қонунҳои он ошно карда, ба суолҳои онҳо дар бораи оламу муҳити атроф посух гуфта тавонад. Масалан, бо назардошти ин ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 - 2028 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ба кӯдакон вобаста ба синну соли онҳо – ба кӯдакони хурдтар баъзе нукоти одитарин ва ба гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб дар сатҳи васеъ ва мураккабтар зимни бозию машғулиятҳои гуногун бо забони фасеҳу сода фаҳмондан мумкин аст, ки об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об одаму оламро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, рустаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракати мо ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯ, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Модом ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам об бошад, пас, мо вазифадорем, ки онро тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки ифлос гардад, ба он касе партов партояд.
Саёҳат ва бозиҳоро вобаста ба барномаи таълимии кӯдакистон, синну соли кӯдакон ва фаслҳои сол берун аз кӯдакистон низ баргузор кардан мумкин аст.
Масъалаи ҳифзи табиат ва муносибати ғамхорона нисбат ба онро мо ҳанӯз дар қадимтарин осори илмию адабии ниёгони сарбаланди худ мебинем. Дар онҳо  покиза нигоҳ доштани обу боду оташу хок чун муҳимтарин аносири ҳаёту табиат таъкид карда мешавад:
Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
Агар имрӯз ҳам насли наврас, саркарда аз кӯдакистон, бо асрори табиат шинос шавад, аз бӯи гулу гиёҳу дарахтон лаззат гирад, зебоии табиатро дарк кунад, аз баъзе хусусиятҳои табиат воқиф гардад, дар ин ҳол чанд ҷанбаи тарбиявии машғулият ҳадафманд мешавад, аз ҷумла муҳаббат ба Ватан, муносибати ғамхорона бо табиат (яъне тарбияи экологӣ) ташаккули ҳисси зебоипарастӣ ва амсоли онҳо.
Тарбияи экологӣ бояд шахсиятеро ба камол расонад, ки вобастагии инсону ҷамъият ва табиатро дарк намояд, нисбат ба вазъи муҳити атрофаш масъулият ҳис кунад. Ҳарчанд чунин масъулият дар синну соли болотар тақвият меёбад, вале заминаҳои он, дар овони кӯдакӣ гузошта мешаванд. Яъне, тарбияи экологӣ он гоҳ самар мебахшад, ки бефосила амалӣ шавад ва шурӯъ аз синни томактабӣ, минбаъд дар мактаб ва берун аз он давом кунад.
Наргис ШАРИФОВА,
мудири кӯдакистони № 45 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2017    №: 51    Мутолиа карданд: 643

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед