logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ХУРОСОН

4 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Боздиди кории Сарвари давлат аз мавзеи Фахробод оғоз гардида, дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе - Қӯрғонтеппа” муаррифӣ карда шуд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки тибқи лоиҳа марҳалаи 1 - уми азнавсозии роҳ, ки 33, 2 километрро ташкил медиҳад, бо харҷи 96 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзи Бонки осиёии рушд анҷом хоҳад гирифт.
Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи нақша дар рафти азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 лӯла ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонда мешавад. Ҳамчунин, дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар нақша аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони Вазорати нақлиёт дастур доданд, ки дар вақти таҳияи лоиҳа ва татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд. Роҳ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохта шуда, тамоми қоидаҳои роҳсозӣ риоя гарданд ва ҳангоми иҷрои корҳо ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ таваҷҷуҳ зоҳир созанд.
Шоҳроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа аз Ҷамоати деҳоти Фахробод мегузарад ва дар ду тарафи шоҳроҳ боғҳои хоҷагии фермерии Асадулло доман густурдаанд. Бинобар зарурати авнавсозии роҳи мазкур як қисми боғоти хоҷагӣ дар нақшаи сохтмон меафтад, аз ин рӯ, роҳбарияти хоҷагӣ тасмим гирифтааст, ки бештар аз 4 ҳазор адад ниҳолҳои гуногуни ороишию мевадиҳанда, аз қабили бодом, писта, арча, ар-ар, каштан, сосна, мажевелник ва дубро ба боғҳои пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе тақдим намояд.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ба хоҷагии фермерии "Асадулло" ташриф оварда, бо Рустами Эмомалӣ ва коргарони ин хоҷагии намунавӣ чун рамзи баҳору наврӯз дарахт шинонданд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”, ки соли 2016 дар майдони 160 гектар бунёд ёфта буд, сурат гирифта, дар 6 гектар 3000 адад ниҳоли олу шинонда шуд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони хоҷагии пешқадам суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва идҳои баҳорӣ табрик намуданд.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир яке аз роҳҳои асосии расидан ба ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.
Имсол меҳнаткашони хоҷагии фермерии “Асадулло” нақша доранд,  ки дар майдони 200 гектар боғи нав бунёд карда, дар 100 гектари он барои содирот олу шинонанд. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ беш аз 2000 гектар замини боғи дарахтони гуногун дорад, ки ҳосили аксари онҳо барои содирот пешбинӣ шудааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2017    №: 51    Мутолиа карданд: 830

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед