logo

сиёсат

ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ҶАМЪОМАДИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР

Имрӯз дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар чун анъанаи накуи наврӯзӣ бо духтарону бонувони фаъоли кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомад ва дар шахси онҳо тамоми модарону бонувони мамлакатро бо Рӯзи Модар ва оғози эҳёи табиат табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон номиданд ва таъкид доштанд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Сабаби дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модарро Президенти мамлакат нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон арзёбӣ карданд. Ба андешаи Сарвари давлат, нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон, ба онҳо омӯзондани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон модари тоҷикро ба хазинаи бебаҳое баробар карданд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд. Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расондааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст.
Бино ба таъкиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст. Аз ҷумла дар доираи иқдомҳои созанда Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намояд ва дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ ба кор ҷавондухтарону бонувони болаёқату соҳибкасб ҷалб карда шаванд. Ин тадбир, ҳамчунин, дар доираи сиёсати гендерӣ амалӣ карда хоҳад шуд.
Бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016 - 2020” қабул шудааст.
Таъкид гардид, ки нақши занони бофарҳангу соҳибмаърифат дар ташвиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, инчунин, иштироки онҳо дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ низ назаррас мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қабули Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифодакунандаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила маънидод карданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи маълумоту маърифат дар миёни занону духтаронро шарти муҳимтарини беҳтар гардидани дараҷаи зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли масъалаи шуғл ва рафъи бекорӣ арзёбӣ карданд ва волидонро ба тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандон ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нақши модаронро дар солиму бофарҳанг ба воя расидани фарзандон рисолати бузурги инсонӣ номиданд ва таъкид доштанд, ки ба хотири гиромидошти модар ва расидан ба қадри шабзиндадориҳои ӯ мо, фарзандон, бояд ҳамеша эҳтироми модаронро ба ҷо орем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.03.2017    №: 52    Мутолиа карданд: 732

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед