logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 7, мод. 457) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 7:
Дар номи модда калимаҳои «Вазифаҳои асосии» ба калимаҳои «Вазифаҳои асосӣ ва ҳуқуқҳои» иваз карда шаванд;
Дар қисми якум:
-сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«амалӣ намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, техникӣ ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта, ҳифз ва мудофиаи объектҳои ҳимояшаванда, инчунин биноҳо, иншоот ва ҳудуди (қитъаҳои замин) ҳамшафати онҳо ва акваторияҳо, ки номгӯи онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;»;
-дар сархати дуюм калимаҳои «вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
-сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«ҳифзи намунаҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
-қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Гвардияи миллӣ барои амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:
-ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, худи шахс, ашёи бохуддоштаи шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда пиёда (савора) медароянд ва аз онҳо пиёда (савора) мебароянд, воситаҳои нақлиёт ва ашёи дар нақлиёт бударо, аз ҷумла бо истифдаи воситаҳои техникӣ тафтиш намояд;
-шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд ва ё дар ҳудуд ё наздикии объектҳои ҳимояшаванда ҷиноят содир кардаанд, боздошт намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;
-шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда ғайриқонунӣ дохил шудаанд ё худ кӯшиши ба онҳо дохил шуданро кардаанд ва ё ба амру дастурҳо ва талаботи қонунии кормандони Гвардияи миллӣ итоат накардаанд, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;
-дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти алоқаи махсусро ба роҳ монад;
-дар ҳолатҳои зарурӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқро ба кор барад;
-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки амнияти объектҳои ҳимояшавандаро зери хатар мегузоранд, пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмиро ирсол намояд.».
2. Дар моддаҳои 8, 9, 10 ва 11 калимаҳои «Ситод», «ситоди» ва «ситод» мутаносибан бо калимаҳои «Сарситод», «Сарситоди» ва «Сарситод» иваз карда шаванд.
3. Сархати сеюми моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо фармонҳои худ Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, Сардори Сарситод- Муовини аввал, муовинони Фармондеҳ, сардорони раёсатҳо ва командирони бригадаҳои зудамали Гвардияи миллиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;».
4. Дар сархати даҳуми қисми дуюми моддаи 10 баъд аз калимаи «ситод» калимаи «раёсатҳо» илова карда шавад.
5. Дар моддаи 13:
-дар қисми сеюм калимаҳои «ба ихтиёри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ба комиссияҳои марбутаи даъват» иваз карда шаванд;
-қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Интихоби хизматчиёни ҳарбии даъватшуда барои хизмат дар сафҳои Гвардияи миллӣ афзалиятнок буда, он аз тарафи Сарситоди Гвардияи миллӣ дар ҳамкории зич бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, Вазорати  мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.».
6. Дар моддаи 16 калимаҳои «Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ» мутобиқан ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 августи соли 2009, № 539


Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 23 июни соли 2009, № 1378

Қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 23 июли соли 2009, № 668


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 712

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед