logo

ҳуқуқ

ПРОКУРАТУРА. ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Дар саргаҳи таърихи тамаддуни ҳар як миллату халқият санаҳо ва рӯйдодҳое қарор мегиранд, ки дар ҳаёти ҳамон халқу миллат омили ҳалкунанда ва тақдирсоз гардида, бо мурури замон аҳамият ва манзалаташон бештар аён мегардад. Таърихи халқи тоҷик бузургтарин рӯйдодҳои сиёсию фарҳангиро дарбар гирифта, тамаддунсоз ва оламшумул гаштааст.
Тӯли беш аз ҳазор сол халқи тоҷик пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва соҳибистиқлол гаштани он талош мекард. Бо ҳукми тақдир ба мо муяссар шуд, ки ормони беш аз ҳазорсолаи гузаштагонамонро дар интиҳои асри 20 амалӣ намуда, аз нав соҳиби давлати мустақили худ шавем. Миллати куҳанбунёди тоҷик маҳз ба шарофату баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби саҳифаи навини таърихи хеш гардида, сарнавишт ва тақдири худро дар китоби башарият бо ҳарфҳои заррин сабт намуд. Бешубҳа, шинохти Истиқлолияти давлатӣ, дарки масъулияти ватандорӣ, устувор гардондани хотираи таърихӣ дастоварди беназири халқи тоҷик ва хидмати бузурги Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бидуни шак, эътироф мекунад, ки бо ибрози калимаҳои Истиқлолият ва Ваҳдат симои азизи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат пеши назар меояд ва ҳангоми ба забон овардани номи Эмомалӣ Раҳмон рушду такомули мамлакат дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, нақши ақлу заковат ва хиради ин шахсияти таърихи навини миллат ҷилвагар мешавад.
Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи низоми давлатии кишвар роҳи пуршебу фароз, вале пуршарафи таърихиро тай намудааст. Таърихи он аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ боз ҳам рангинтару равшантар гардидааст. 14 декабри соли 1924 аз ҷониби Комитети инқилобии Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қарор «Дар бораи таъсиси Комиссариати халқии адлия ва Прокуратураи давлатии ҶХШС Тоҷикистон» қабул гардид.
Баъди ташкил шудани ҶШС Тоҷикистон Прокуратураи ҷумҳурӣ таъсис дода шуда, прокуратураҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ таъсис ёфтанд. 20 июни соли 1933 бо қарори Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шӯрои комиссарони халқи ИҶШС прокуратура ҳамчун мақомоти мустақил аз ҳайати Комиссариати халқии адлия ҷудо шуда, Прокуратураи ИҶШС роҳбарии фаъолияти прокуратураҳои ҷумҳуриҳоро ба зимма гирифт. Дар солҳои аввали таъсисёбии мақомот кормандони соҳибмаълумоти соҳаи ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ камшумор буда, бо гузашти вақт сафи онҳо пурра гардонда шуд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ дар ғалаба бар фашизм саҳми босазо гузошта, ҳам дар ҷабҳа ва ҳам дар ақибгоҳ аз худ мардонагию шуҷоат нишон додаанд. Роҳи тайнамудаи мақомоти прокуратура дар солҳои баъдиҷангӣ низ басо рангину ибратомӯз аст.
Касби Истиқлолияти давлатӣ боиси рушду инкишофи минбаъдаи мақомоти прокуратураи кишвар гардид. 14 марти соли 1992 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот дар хусуси аз ҷониби Шӯрои Олии мамлакат таъйин гардидани Додситони генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, Нурулло Ҳувайдуллоев аввалин Додситони генералӣ таъйин шуд. Худи ҳамон рӯз дар асоси Қарори Шӯрои Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қироати аввал қабул ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гашт. Аз ин лиҳоз, ин рӯзи таърихӣ, яъне 14 март санаи таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобида шуда, ҳамчун Рӯзи кормандони прокуратура ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Мақомоти прокуратура дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, ҷорӣ намудани тартибот дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, ҷиноятҳои содирнамудаи бадхоҳони миллатро ифшо намуданд. Бо барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ мақомот мубориза бар зидди қонуншиканӣ, ҷиноятҳои террористӣ ва хусусияти террористидошта, муташаккилона, коррупсия, риояи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи моликият, меҳнат ва истифодаи заминро дар меҳвари фаъолият қарор доданд. Имрӯз онҳо дар таъмини волоияти қонун, пойдории сулҳу субот дар кишвар cаҳми фаъол гузошта, заминаи ҳуқуқии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ҳифз карда истодаанд. Мо, кормандони мақомоти прокуратура, дар оянда низ таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ аз сиёсати хирадмандонаю созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, Савганди Президенти мамлакатро Савганд ва дастури амали худ ҳисобида, баҳри пешрафт, тараққиёт ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми худро мегузорем.
Хуршед ҶАББОРЗОДА, прокурори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2017    №: 55    Мутолиа карданд: 1747
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед