Хабарҳо
Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо муовини Котиби генералии Фонди сулҳ ва рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Юй Сяо Сяан мулоқот намуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба самтҳои илмию таълимӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳо табодули афкор намуданд.
Зикр шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки дӯстиву рафоқат миёни Тоҷикистону Чин қавӣ гардад ва ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо, бахусус илму маориф тақвият ёбанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 293