logo

сиёсат

МЕҲРИЁРИ МЕҲРОФАРИН: "ТОҶИКИСТОНРО ДАР КАРОНАИ ҚАЛБАМ ҶОЙ ДОДААМ" Ситоиши Тоҷикистон ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон дар Фейсбук

Дар  фейсбук андешаи бисёр афроди фарҳангӣ ва одамони одии Сайёра, ки Тоҷикистонро самимона дӯст медоранд, нашр шудаанд. Онҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсин фиристода, роҳи росту дурусташонро дар пайкори сангини бунёдсозии давлати навини тоҷикон ситоиш мекунанд. Муаллифони паёмҳои фейсбукӣ дар гӯшаву канори  ҷаҳон зиндагӣ доранду Тоҷикистонро аз рӯи нашрияҳо ва садову симо мешиносанд. Махсусан овардаҳои ҳамзабонони бурунмарзии мо гувоҳ бар онанд, ки форсизабонони ҷаҳон аз пешравиҳои иқтисодиву фарҳангии Ватани мо илҳом гирифта, ояндаи ин марзу бумро дурахшон мебинанд ва Душанберо ҳамчун пойтахти навини тамаддуни ориёии эронитаборони ҷаҳон пазируфтаанд. Ҳамон гуна ки эронитабори кишвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Меҳриёри Меҳрофарин, ки ҳанӯз Тоҷикистонро аз наздик надидааст, дар навиштори хеш унвонии «Тоҷикистон - гаҳвораи фарҳанг ва забони порсӣ» бо як эҳсосоти баланд нигоштааст: «Ёрон, меҳрубонон, ҳамдилон ва ҳамзабонон! Дуруд ва офаринатон бод! Ман Меҳриёри Меҳрофарин – сухансарои тоҷикманиш, тоҷикандеш ва тоҷиккуниш ҳастам, ҳамоно эронии пурраи пурра. Ҳаргиз Тоҷикистонро надидаам, аммо Тоҷикистонро бо ҳамаи кӯҳҳову дарёҳо ва деҳу шаҳрҳо ва фарозу нишеб ва гулу хору мардуми некманиш ва додгараш, бо Сарвари некманишу некрояш дар густураи дилам, дар каронаи қалбам ҷой додаам, то аз Тоҷикистон даме ғофил намонам. Ман солҳост, ки лабрез аз он сарзамини варҷованд ҳастам, бе он ки он ҷоро дида бошам, ман дар даруни Амрико зиндагӣ мекунам ва Тоҷикистон дар даруни ман! Ман Тоҷикистонро на танҳо нахустин гаҳвораи фарҳангу ҳунар ва адаби Ориёно ва Эрони бузург медонам, балки Тоҷикистонро вопасин монок ё мерос ва намоди сарфарозӣ ва сарбаландии арзишҳои аҳуроӣ ва мардумиву мардумбудӣ ва меҳрварзӣ дар густураи ҳастӣ медонам. Ориёноро хуб мешиносам… Ман дудмони Сомонхудойро нағз мешиносам, ман сипаҳсолори Хуросонро ба некӣ мешиносам ва инро низ медонам, ки тоҷиконро аз замони шоҳони Каёнӣ чунин хондаанд: Тоҷикон, Тоҷикиён ва Тоҷи Каён – тоҷи сари подшоҳони Каёнӣ.»
Меҳрпарвари дигар Сайид Қодири Муҷаддадӣ чандин сол дар Тоҷикистон ба тиҷорат шуғл меварзид ва огаҳӣ ёфтам, ки ҳоло дар Афғонистон будубош дорад, дар васфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони самимии арзанда нигоштааст. Ӯ дар шабакаи фейсбук навореро аз лаҳзаҳои бо дасти хеш банд сохтани охирин мавҷҳои ҷараёни рӯди Вахш аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пахш намуда, чунин тафсиреро нигоштааст:
«Ин аст чеҳраи воқеии як Раиси ҷумҳур! Бо садоқату ҷавонмардӣ камари хидматро барои кишвараш дар миёни халқу мардум баста мекунад, ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар хотима дода, сулҳи ҳамешагиро ҷойгузини он месозад, чандин тунели мутаррав (мошинрав) месозад, шоҳроҳҳоро эъмор мекунад, боғдориву зироатро ба шакли тарвиҷ медиҳад. Меъмории шаҳрсозии мудерн ва мондагорро дар кишвар тарҳрезӣ намуда, бас парку чаман, тафреҳгоҳ, варзишгоҳу ғайра месозад. Ин ҳам ҷараёни сохтани яке аз бандҳои обии барқ, ки худ шоҳиди он ҳастед. Пас қазоват бо шумост.»
Ин сатрҳоро як идда ҳамдиёрони Сайид Қодир мутолиа намуда, онҳоро нек арзёбӣ намудаанд. Аз ҷумла, Озарахш Ғаффор навиштааст: «Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан, ки аз миёни мардум бархоста, дар қалбҳои мардумаш ҷойи хос дорад ва шоистаи ҳар гуна тамҷиду тақдир ҳам ҳаст.»
Ба ҳамин мазмун хонум Карима Карим нигоштааст: «Ин гуна Раиси ҷумҳурро бояд халқаш аз хоки пояш сурмаи чашм бисозанд. Аз ҳама бештар амният барои як миллат муҳим аст, баъдан инкишофи ҷомеа. Худованд онҳоро як инсон офарида, барои инсоният зиндагӣ мекунанд ва ба халқи Худо ҳам масъуният меофаринанд. Чӣ замоне барои мо, мардуми мазлум, ҳамчунин як инсонеро барои наҷот аз ин гирдоби мусибат, ки мардуми бедифоъ ғарқ аст, бифиристад. Ҳар қадар даст ба дуо мешавем, қабули даргоҳи Ҳақ намешавад. Чорае нест.»
Абдул Ҳамид Аҳмадӣ ба Пешвои миллати тоҷикон чунин дуо фиристодааст: «Воқеан, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти барҷаста ва муқтадир аст. Худо ҳамроҳаш бошад! Яъне, сулҳ, оромиш ва тараққии Тоҷикистон маҳсули амалкарди ин шахсияти бузург аст.»
Як идда аз дӯстони Тоҷикистон ва парасторони роҳи созандаи Президенти кишвари тоҷикон бо як самимияти ҳаяҷонангез дар симои Эмомалӣ Раҳмон ҳама бошандагони кишварро бо солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодбош гуфта, дуои нек арза доштаанд, ки матни баъзе аз онҳоро бо ихтисор меоварем: «Муборакашон бод! Ҳадди ақал раҳбари дилсӯз доранд, ки баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ нагузошт Тоҷикистонро хароб кунанд. Қудратро ба даст гирифтааст, то ки мардумаш ором бошад. Mеҳрия Фарид.»
«Оромиш ва тараққӣ барои кишвари дӯсту бародари Тоҷикистонро орзу бурда ва ҷашни истиқлоли ҳамсояи неки худро муборакбод мегӯям!»,-  нигоштааст Хусрав Назарӣ аз кишвари Афғонистон.   
Дар 36 адад ташреҳи фейсбукӣ дар мавриди бо дасти хеш бастани маҷрои рӯди Вахш, ҷорӣ кардани системаи давлатдории дунявӣ, густариши сиёсати баробарии занону мардон дар ҷомеа ва, беш аз ҳама, дар мавриди пойдории амният дар кишвар суханони гӯёву расо гуфтаанд. Аз ҷумла, шахсе, ки дар кишвари Афғонистони ҷангзада зистгоҳ дорад бо номи Ҳоҷӣ Муҳаммад Тоҳир,  дар пиромуни донистани қадри амният фармудааст: «Худованд оромиши ҳеҷ кишварро аз мардумаш нагирад, чун ҳоло қадри амният болои мо афтода ва медонем, ки амният чи неъмати бузург аст.»
Мебояд гуфт, ки тоҷикон дар саросари ҷаҳон ҳамтаборону ҳамзабонони зиёде доранд ва онҳо аз ҳар комёбиву дастовардҳоямон ба ваҷд омада, мехоҳанд хушнудии худро дар саҳифаҳои иҷтимоии фейсбукӣ ба чоп расонда, моро аз эҳсосоти неки худ бохабар созанд.
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 290

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед