logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 25 феврали соли 2017, № 98, ш. Душанбе Дар бораи таъсис ва маблағгузории Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин амалӣ намудани чораҳои пешбининамудаи Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, № 673 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки дастрасӣ ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Интернет - портал ҷой додашуда, аз ҷумла иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида озод ва ройгон ба амал бароварда мешавад.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба ташаккул, пешбурд ва таъмини фаъолияти Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Интернет -  портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурии ташкилӣ - ҳуқуқӣ андешад.
5. Маблағгузории фаъолияти Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ (маблағҳои махсус) дар қисмати таъмини пардохти музди меҳнати кормандон ва истифодабарии шабакаи глобалии компютерии Интернет ба амал бароварда шавад.
6. Муқаррар карда шавад, ки Интернет - портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2017 ба фаъолият оғоз менамояд.
 

Раиси  Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Эмомалӣ РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2017    №: 56    Мутолиа карданд: 865
25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед