logo

ҳуқуқ

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

Замин моликияти давлат аст,
на мояи харидуфурӯш!

Ба ШВКД – и шаҳри Ваҳдат зани 60 – сола, сокини ҳамин шаҳр, оид ба факти қаллобӣ муроҷиат намуд, - хабар додааст маркази матбуоти ВКД. Тавре маълум гардид, сокини шаҳри Ваҳдат – зани 46 – сола бо роҳи найрангбозӣ ба боварии ӯ даромада, моҳи августи соли 2012 барои ҷудо намудани 6 садяки гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 5500 доллари амрикоиашро гирифтааст. Тайи муддати тӯлонӣ қаллоб на ба ваъдааш вафо кардааст, на маблағро баргардондааст, яъне фаромӯш кардааст, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд асту кирдори ғайриқонунӣ бе ҷазо намемонад. Мутаассифона, баъзе шаҳрвандони кишвар низ то ҳанӯз маърифати пасти ҳуқуқӣ доранд ва гӯё  намедонанд, ки дар Тоҷикистон замин моликияти давлат аст, на мояи харидуфурӯш. Ва замин ба шаҳрвандони ниёзманд мувофиқи қарори мақомоти дахлдор ройгон дода мешавад.
Гумонбари ҷиноят боздошт гардид. Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

* * *
Пиров Абдулмутолиб Мерганович аз 5 майи соли 2007 раиси хоҷагии деҳқонии «Бобои Мерган» - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шуда кор мекард. Моҳи феврали соли 2015 Пиров А. ҳамроҳ бо бародараш Пиров Мирзомуддин бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А» даромада, ӯро бовар кунондаанд, ки ба ивази 5000 доллари ИМА аз заминҳои хоҷагии деҳқониашон, воқеъ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти «Иттифоқ», 0,06 гектар қитъаи наздиҳавлигӣ ҷудо ва  ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳанд. Шаҳрванд «А» ба қаллобон бовар намуда, ба онҳо 2000 доллари ИМА ва 20 ҳазор рубли русӣ додааст. Бародарон маблағро гирифта, барои иҷрои ваъдаашон ягон амал накарданд ва пулро низ барнагардонданд.
Нисбат ба Пиров Абдулмутолиб ва Пиров Мирзомуддин бо моддаи 247, қисми 3, банди «а» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ додааст.
* * *
Ҷинояткори заминфурӯш Нуралиев А. бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ 13 солро дар маҳбас мегузаронад. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, Нуралиев А. қаблан барои заминфурӯшӣ аз озодӣ маҳрум шуда буд. Баъди адои ҷазо ба ҷои ислоҳ шудан ва ба роҳи рост даромадан боз ба ҷинояткорӣ даст зада, ҷазои сазовор гирифт. Давоми солҳои 2014 – 2015 ӯ бо ҳаммаслаконаш забон як карда, дар 6 ҳолат  бо ваъдаи додани замин дар ноҳияи Рӯдакӣ аз шаҳрвандон аз 1000 то 7000 доллар – ҷамъ 30 ҳазору 600 доллар гирифтааст ва ба шаҳрвандон дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дода, ба ин васила ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расондааст. Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Нуралиев А. П. бо гумонбарӣ дар ҷиноятҳои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон, такроран ғайриқонунӣ додани қитъаи замин аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, сохтакорӣ намудани ҳуҷҷат ва ба каси дигар додани он ба анҷом расонда, барои муҳокима ба суди ноҳияи Рӯдакӣ ирсол намуд.
 Дар ҳикмати мардумии тоҷикон таъкид шудааст, ки «бори каҷ ба манзил намерасад». Шояд ин дафъа ҷинояткори заминфурӯш аз гузашти рӯзгор панд омӯзаду ислоҳ шавад, вагар на, қонун дар ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳамеша устувор аст.
 А. САЙВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2017    №: 57    Мутолиа карданд: 411
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед