logo

фарҳанг

НАВРӮЗИ ТОҶИКОНИ СУРХОНДАРЁ

Сурхондарё яке аз вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, маркази он шаҳри Термиз аст. Вилоят дорои 13 ноҳия мебошад: Ангор, Бойсун, Деҳнав, Ҷарқӯрғон, Музработ, Олтинсой, Сариосиё, Термиз, Узун, Шеробод, Шӯрчӣ, Қизириқ, Қумқӯрғон. Ҳамчунин 8 шаҳр, ба мисли Бойсун, Деҳнав, Ҷарқӯрғон, Термиз, Шарғyн, Шеробод, Шӯрчӣ, Қумқӯpғон низ мавҷуд аст. Дар вилоят 7 шаҳрак аст: Ангор, Дӯстлик, Какайдӣ, Сариосиё, Сариқ, Элбаён, Ҳуррият. Дар аксари ин ноҳияҳо ва шаҳру шаҳракҳо тоҷикон ва ӯзбекон бо ҳам зиндагӣ мекунанд.
Вилоят беш аз ду миллион аҳолӣ дошта, дар он ҷо ӯзбекҳо, тоҷикон ва миллатҳои дигар зиндагӣ доранд. Имрӯзҳо Наврӯз дар тамоми вилояти Сурхондарё дар байни ҳамаи миллатҳо бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Аксари оинҳои асосии наврӯзӣ дар ин вилоят низ иҷро  мегардад.
Нахустин муждаи расидани Наврӯз ин шукуфтани аввалин гули баҳорӣ мебошад. Онро тоҷикони Сурхондарё гули наврӯзӣ, гули сияҳгӯш, гули зард, гули дегшиканак, бойчечак мегӯянд. Маъмулан ҳар касе, ки як навъи ин гулро мебинад, зуд даҳан ба даҳан хабар медиҳад, ки гули баҳориро дидам. Баробари шунидани ин хабар наврасон ва ҷавонон ба саҳро ва теппаҳо мераванд. Гулҳои навшукуфтаро чида, дар ҳар минтақа, гузар ва деҳаҳо сурудхонон мегарданд ва мардумро огоҳ менамоянд, ки баҳор расидааст, ҷашни Наврӯз наздик мебошад.
Пеш аз ҳама мардҳо дастаҷамъона ба ҳашар мебаромаданду ба тоза кардани ҷӯйборҳо ва тамоми муҳит мепардохтанд. Ҳавлию хонаи худро низ тоза мекарданд.
Аксари мардум чизҳои шикастаро мепартофтанд, то дар соли нав бидуни шикаст дароянд.
Дар аксари ноҳияҳои Сурхондарё солҳои пеш ба он таваҷҷуҳ менамуданд, ки то соли нав агар касе қарздор бошад, ҳатман қарзашро адо кунад. Агар қаҳрӣ бошад, бояд оштӣ шавад. Касеро агар озор дода бошад, бахшиш пурсад. Бо ин амалҳои нек бовар доштанд, ки одам бояд дар соли нав бидуни кинаву адоват дарояд. Ин як навъ боварӣ буд, ки фариштаҳо дар соли нав онҳоро барои зиндагии нек ҳамроҳӣ мекунанд.
Яке аз оинҳое, ки дар баъзе деҳоти тоҷикони Сурхондарё, бахусус дар Бойсун вуҷуд дошт, ин аз «қишлоқ» ба «боғ» кӯчидан буд. Ин оинро дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун «боғкӯчӣ» мегуфтанд, ки то охири солҳои шаст вуҷуд дошт. Дар ин ҷо «қишлоқ» ба маънои макони зиндагии зимистонӣ, «боғ» ба мафҳуми макони зиндагии тобистонӣ аст. Баробари шукуфтани нахустин гулҳои наврӯзӣ ва расидани муждаи баҳорӣ одамоне, ки ҳавлии зимистонӣ ва боғ барои зиндагии тобистонӣ доштанд, зуд ба боғ мекӯчиданд. Онҳо аввал дар 3 - 4 рӯз дар боғ шароити зистро муҳайё менамуданд. Боғро ҳамаҷониба тоза мекарданд. Хонаю сӯфаҳояшро андова карда, барои зиндагӣ омода месохтанд. Баъд, 2 - 3 ҳафта пеш аз Наврӯз мекӯчиданд. Кӯчидан субҳи барвақт сурат мегирифт. Сандуқу борро, ки аз гилему кӯрпаву кӯрпачаву болишту дигар чизҳои рӯзгор иборат буд, ба харҳо бор мекарданд. Сипас, аз чанд пора ҳезуми арча, ё хас оташеро дар остонаи дарвозаи ҳавлӣ рӯшан мекарданд. Баъд аз он, ки шуълаи оташ хеле паст мешуд, бо навбат аҳли хонавода харро бо бораш, ҳайвонҳои хонагӣ: гову бузу гӯсфандро аз болои он мегузаронданд. То зиёну заҳмату неруҳои зараровар аз танаи онҳо дур шавад ва ҳамроҳи онҳо ба боғ, ба макони нави зиндагӣ нараванд. Ин оин то охири солҳои ҳафтод дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун вуҷуд дошт. Маъмулан аксари хонаводаҳои мардуми деҳаҳои Бойсун Наврӯзро дар боғ пешвоз мегирифтанд.
Тавре ки калонсолони шаҳру ноҳияҳои Тирмиз, Бойсун, Деҳнав, Сариосиё  нақл мекунанд, дар солҳои пеш, аввалҳои садаи бист, субҳи барвақти Наврӯз хурду бузург  нахуст гурӯҳ - гурӯҳ барои шод намудани арвоҳи гузаштагон ба қабристонҳо рафта дуо мекарданд.
Наврӯз дар Сурхондарё низ ба мисли ҷойҳои дигари Осиёи Марказӣ бештар ҷашни иҷтимоӣ аст. Онҳо ин идро берун аз хона ҷашн мегиранд. Агар ба таърих назар намоем, Наврӯз ҳамеша ҳамин фазилати дастҷамъонаи худро гум накардааст. Дар ҳамаи деҳу ноҳияҳои Сурхондарё барои ҷашни Наврӯз мардум бо шодмонӣ ба берун, ба сайргоҳҳо, ба дашту даман, ба доманаи дараву кӯҳҳо мерафтанд. Дар баъзе ҷойҳо дар замони шӯравӣ низ Наврӯзро чанд рӯз ҷашн мегирифтанд. Масалан, дар деҳаи Нилуи ноҳияи Сариосиёи Сурхондарё Наврӯзро дар нимаи аввали садаи ХХ се рӯз ҷашн мегирифтанд. Дар баъзе аз ноҳияҳои Аморати Бухоро сайри мардумӣ бо номи «чорсайл» барпо мешуд, ки то солҳои чилум вуҷуд дошт. Баъдҳо он сол то сол суст гашта аз байн рафт. Аммо дар деҳаҳо ба сайр баромадан боқӣ монд. Ҷашни «Чорсайл» дар минтақаҳои Сурхондарё, аз ҷумла Бойсун, низ баргузор мешуд.
Агарчи Наврӯз ҷашни мардумӣ буду дар он ҳама ба сайргоҳ (наврӯзгоҳ) мебаромаданд, дар ҳар хонавода низ барои таҷлили ҷашн баъзе оинҳоро иҷро мекарданд. Яке аз инҳо омодагӣ ба хони наврӯзӣ аст. Дар шаби аввали Наврӯз бояд деги ҳамаи хонавода пур бошад. Аз ин рӯ, як расме бо номи «қазонтӯлдӣ» (дег пур шуд) вуҷуд дошт. Калонсолон шарҳ медоданд, ки агар дар шаби даромади Соли нави наврӯзӣ дег холӣ монад, яъне, хонавода ҳамон шаб чизе пухта натавонад, гӯё дар давоми сол Худо ба ин хонавода ризқу рӯзии муносиб намедодааст. Боз мардум ба ин бовар буд, ки дар дегашон ҳатман гӯшти парандае бошад. Агар ин парандаро худашон шикор карда, шаби Соли нав ба дег андозанд, гӯё корҳояшон тамоми сол пару бол бароварда,  иҷро мешудааст. Аз ин рӯ, мувофиқи боварҳои мардумӣ дар Бойсун, ки дар домани кӯҳ аст, ҳар хонавода кӯшиш мекард, худаш парандаеро шикор намуда, ба деги наврӯзиаш андозад. Ин боварӣ то солҳои шаст дар байни мардум мусаллат буд.
Дар ҷашни Наврӯз аз ҳама бештар кӯдакон ва наврасон хушҳол буданд. Онҳо дар сайргоҳ машғули ҳар гуна бозӣ мешуданд.
Дар Наврӯз яке аз бозиҳои дилхушкунандаи духтарон ин алғунчак (арғунчак) буд, ки дар як гӯшаи наврӯзгоҳ ё дар боғҳо ба дарахти тут, зардолу ё чормағз ресмонеро баста арғунчак месохтанд, ки дар он духтарони хурду калон ва ҳатто арӯсон алвонҷ мехӯрданд. Дар чунин маврид гоҳе ҷавоне ҳангоми ба арғунчак паридани духтари хушкардааш, аз сари ӯ танга ё ширинӣ мепошид. Ин арғунчакҳоро то солҳои 70 – и садаи ХХ дар боғҳо, ки ҳавз доштанд ва гирдогирди он бедзор буд, низ кашол мекарданд. Духтарон бо навбат ба болои оби ҳавз ба арғунчак чунон бо ҳавас бод мерафтанд, ки дар байнашон мусобиқа сурат мегирифт. Гоҳе ҷавонони шӯх, ки агар духтареро хуш кунанд, зимни тамошо оҳиста ба болои бед баромада, ресмонро бо досткола мебуриданд. Духтар аз арғунчак ба даруни ҳавз меафтид. Албатта, оби ҳавз баробари қади одам буд. Дар он касе ғарқ намешуд. Аз ин рафтор шодиву суруру ҳаёҳую шӯхӣ ҳама ҷоро фаро мегирифт.
Пухтани таоми наврӯзии сумалак (суманак) дар тамоми шаҳру ноҳияи Сурхондарё то ба имрӯз дастаҷамъона сурат мегирад. То нимаи аввали садаи ХХ ҳангоми пухтани сумалак иштироки мардҳо қатъиян манъ буд. Ҳоло ҷавонон ва мардҳо низ барои кофтани дег ширкат менамоянд. Дар Сурхондарё барои омода кардани шираи сумалак чанд рӯз пеш аз даромади Наврӯз омодагӣ мегиранд. Маъмулан сумалакро бо ду тарз мепазанд. Яке, хонаводае ҳамаи харҷи сумалкро бар уҳда гирифта, ҳамроҳи ҳамсояву хешовандон бо базми наврӯзӣ пухта, баъд онро тақсим мекунад, то аз Худо савобе барояш расад. Дар байни занҳои мардуми Бойсун, Деҳнав, Сариосиё чунин боваре аст, ки пухтани сумалак ва тақсим кардани он савоби зиёд дорад. Чунки сумалак оши бибиҳое (фариштаҳо) аст, ки онҳо дар арафаи Наврӯз ба ёрии мардум меоянд ва ба назар намоён нестанд. Агар касе тамоми хароҷоти сумалакро ба уҳда гирифта, онро пухта тақсим кунад, фариштаҳо дар ин дунё ва дар он дунё ҳамеша ҳамдамаш мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар сол баъзе занҳо, чанд моҳ пеш бо нияти нек ба наздиконашон хабар медиҳанд, ки имсол пухтани сумалак навбати ман аст.
Дигар ин аст, ки гурӯҳи занҳо аз ҳафт хонавода гандум гирифта, сабзаи сумалакро сабз мекунанд ва баъдан боз аз ҳамон ҳафт хонавода орд мегиранду сумалакро пухта ба атрофиён тақсим мекунанд. Дар Бойсун сумалак бояд дар 14 соат пазад. Занҳо ба ин бовар буданд, ки дар ҳафт соати аввал шираи сумалак ҷӯшида, зери таъсири он фариштаҳо аз осмон мефароянд. Дар ҳафт соати баъд гӯё фариштаҳо то пухтани сумалак ба сари дег омада меистанд. Аз ин рӯ, то пухтани сумалак, ки оши бибиҳои фаришта аст, онро бояд посбонӣ кард. Барои ҳамин занҳо хоб нарафта, бо навбат дегро мекобанд ва дар гирди дег рақсу бозиву сурудхониву шӯхӣ мекунанд ва нақлу ривоятҳо мегӯянд. Баъзеҳо то пухта ва тақсим кардани сумалак расми хоб накарданро риоят менамоянд. Вале дар баъзе ҷойҳо, агар занҳо хоб кардан хоҳанд, ҳатман то тақсим кардани сумалак, онро бо навбат посбонӣ мекунанд.
Тамоми мардуми Сурхондарё имрӯзҳо Наврӯзро дар ҷойҳои махсуси ҷамъиятӣ дар кӯдакистонҳо, мактабҳо, деҳаҳо бо тантана баргузор менамоянд. Дар Наврӯз ҳама – хурду бузург, зану мард, духтару писар хушҳолӣ мекунанд. Дар ин рӯзҳо ба мисли солҳои пешин ба навхонадорон таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Хешовандони тарафи домод ба арӯсшавандаҳо ё наварӯсон идӣ мебаранд. Ҳар хонавода мувофиқи завқи худ барои навхонадорон, духтарони мавриди назарашон, арӯсшавандаҳо ё домодшавандаҳо чизҳои ороишӣ, атриёт, курта, ширинӣ, нонҳои махсуси равғанӣ, фатиру қалама, самбӯса, палов ва монанди инро мебаранд.
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз, баробари суруду рақсу дигар шодмониҳо аскиягӯӣ, мушоира, масхарабозӣ вуҷуд доранд. Имрӯзҳо Наврӯз дар тамоми минтақаи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон низ аз тарафи давлат ташкил шуда, бо суруду тарона, рақсу бозӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ороиши дастархони беҳтарин, нишон додани ҳунарҳои халқӣ ва ғайра ба мардум шодиву сурур  мебахшад ва барои пайванди бештари тоҷикону ӯзбекон нақши арзишманд дорад.
Равшан РАҲМОНӢ, профессори ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2017    №: 57    Мутолиа карданд: 460

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед