logo

сиёсат

БО ГУЗАШТИ 20 СОЛ...

Бо гузашти 20 сол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳанӯз ҳам оқибатҳои харобиовари даргириҳои дохилӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ёдҳо зудуда нагаштаанд. Воқеан, дар чунин вазъият роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат саҳлу осон набуд. Ин роҳи мураккаб аз роҳкушо  ҷуръат, ҷасорат, ақлу заковат, қатъият, кордонӣ, тавоноӣ, ҳушёрӣ, зиракӣ ва таҳаммулпазириро талаб мекард.
Ана дар ҳамин лаҳзаҳои  душвор ва тақдирсоз роҳи сиёсии ба худ хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро аз парешонӣ наҷот ва ба як кишвари воҳид табдил дод. Сарвари муаззами давлат бо қотеият ва устувории бемислаш тавонист сулҳро дар сарзамине, ки ба доми ҷанг кашонда буданд, қадам ба қадам пойдор ва мардумро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ҳидоят намояд.
Роҳкушои ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон  лаҳзаҳои бо мухолифон сулҳ бастан, гурезаҳоро ба Ватан баргардондан устуворӣ нишон дод. Барои ба оштии  миллӣ расидан, барои ба имзо расондани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ се солу се моҳ зарур шуд. Дар давоми ин солҳо лаҳзаҳое низ буданд, ки ба ҳаёти Сарвари давлат хатарҳои зиёд таҳдид мекарданд. Ду моҳ пеш аз имзои созишнома ба ҷони Президент суиқасд шуд. Вале, ин ҳама душворию монеаҳо, бадбиниву хиёнатҳо ӯро аз роҳи интихобкардааш  боз надоштанд. Музокироти сулҳи тоҷикон идома ёфт ва билохира, бо талошҳои пайвастаи Сарвари муаззами давлат рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Ҳамон рӯз фурудгоҳи Душанбе аз одам пур шуд. Бисёриҳо бо гулу гулдаста ба пешвози Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баромада буданд. Онҳо бо хоҳиши худ, бо амри дил ба ин ҷо омада, бо ҳамин восита миннатдории  худро ба Президенти мамлакат баён кардан мехостанд. Аз ҳамон рӯз эътиборан дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи нав боз гашт. Сулҳ, ваҳдат, ягонагӣ, ҳамдилӣ  устувор гардид. Барои амалӣ гаштани орзуҳои дерина уфуқҳои  рангин дари худро кушоданд. Наздик ба як миллион  гуреза ба Ватан  баргашт ва калимаи «мухолиф» маънии манфии худро гум кард.
Акнун роҳи ваҳдат, ки чанд муддат осонгузар набуд, хатарнок нест. Дар сари ин роҳ чароғи афрӯхтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нурафшон аст. Шуълаи ин чароғ рӯз ба рӯз равшантар гардида, қалбҳоро мунаввар месозад. Дар ин мазраъ, ки акнун тухми зӯроварӣ, кинаву адоват решакан шуда, ҳасаду ғараз, бадбинию хусумат аз байн рафтааст, ниҳоли меҳру муҳаббат, рафоқату шафқат сабзидааст, ки меваҳои шаҳдбор дода истодаанд.
Ҳоло роҳи ваҳдат, ки меъмори он Эмомалӣ Раҳмон аст, ба сӯи қасри  ваҳдат мебарад. Девори ин қаср, ки хишти аввалинашро  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буд, ба бинои муҳташами истиқлол ҳусни дигар, таровати дигар мебахшад. Деворҳои  қасри ваҳдат  мустаҳкам  ва бегазанданд. Ин қасрро, ки ба боли ормонҳои чандинасраи одамизод қомат рост намудааст, бояд ҳамчун гавҳараки  чашм нигоҳ дорем. Ба ин хотир, ки он ҳамчун даъваткунандаи тамоми тоҷикони дунё ба ваҳдат, ягонагӣ, некӣ  боқӣ хоҳад  монд.
Қасри ваҳдат рамзи салтанати мамлакат ба ҳисоб меравад. Оромии  ҷомеа, фаровонии зиндагии халқ, пойдор ва одилона будани сиёсат ба  мустаҳкам будани ин қаср вобаста аст. Мавқеъ ва  нуфузи давлат, вазни сухани меъмори ваҳдат муайянкунандаи  мизони симои ин салтанат аст.  Симои салтанат бошад, ҳамеша  бо симои Президент, бо ҷаҳонбинии ӯ  муштарак аст. Вақте  сухан дар бораи ваҳдат меравад, вуҷуди моро як ҳиссиёти фараҳбахш фаро мегирад. Дар замири ин ҳиссиёт миннатдор будан аз меъмори ваҳдат, ки таърихи халқи тоҷикро ба оинаи ҷаҳон баровардааст, муҷассам аст. Қасри ваҳдат, ки  бунёдгузори он Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ифодагари ҳамин ҳиссиёт аст.
Сулаймон ЭРМАТОВ,  нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2017    №: 57    Мутолиа карданд: 388

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед