logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ" - 93 СОЛ. АЗ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ ТО ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Инак, 93 сол мешавад, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нигоштани саҳифаҳои пурифтихори таърихи давлати тоҷикон ва ормонҳои миллиамон машғул мебошад.

Нахустин шумораи рӯзнома бо номи «Иди тоҷик» 15 марти соли 1925 нашр гардида, баъдан бо номҳои «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шӯравӣ» рисолати оинадориро ба ҷо овардааст. Имрӯз он ба сифати Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.
Дар ин муддат «Ҷумҳурият» аз ҳадди як рӯзнома берун рафта, ба як мактаби бузурги эҷодӣ табдил ёфтааст. Чандин насл худро ҳам ба маънии дар он тарбият дидан ва ҳам таъсираш дар раванди инкишофи шахсияташон худро дастпарвари ин мактаби бузург медонанд. Бузургтарин қаламкашону муҳаққиқони илму адаби ватанӣ қадамҳои нахустини худро аз остонаи «Ҷумҳурият» оғоз намудаанд.  
Бахшида ба ин рӯзи фархунда дар идораи рӯзнома маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он аз таърихи пуршараф, саҳми рӯзнома дар пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ, тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдат ва дастгирии сиёсати ободкоронаи муассисони он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ёдовар гардиданд. Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзнома, саҳифаҳои рангину пурифтихори «Ҷумҳурият» - ро варақгардон намуда, аз шахсиятҳои дар рушди рӯзномаи рақами яки ҷумҳурӣ саҳмдошта ёдовар шуд.
Сипас, Қ. Раҳмонзода собиқадорон ва кормандони фаъолро бо Ифтихорномаи рӯзнома сарфароз гардонд. Нишонҳои "Аълочии матбуоти Тоҷикистон", "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" ва ифтихорномаву сипосномаҳое, ки кормандони рӯзнома дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо онҳо сарфароз гардида буданд, супурда шуданд. Ҳайати таҳририяи рӯзнома барои боз ҳам хонданбоб гардиданаш  барои  муаллифони беҳтарини саҳифаи «Шоми шанбе» ҷоизаи махсус таъсис дод. Ҳамчунин, бо ташаббуси роҳбарияти рӯзнома ҷиҳати дастгирии кормандони ҷавон ва беҳтар намудани шароити онҳо ба эҷодкороне, ки иҷоранишин мебошанд, кумаки молиявӣ расонда шуд.
Кормандони "Ҷумҳурият" изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати боз ҳам ҷолибу хонданӣ баромадани он тамоми саъю кӯшиши худро дареғ нахоҳанд дошт. 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2017    №: 57    Мутолиа карданд: 481

22.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Владимир Воронков

Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ

Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Тоҷикистон аз шаҳраки саноатӣ

Ҳамлаи хунин ба меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул

Хазинаи байналмилалии асъор: «Иқтисоди Русия рӯ ба болоравист»

«Ҷабҳат ан – Нусра» дар Идлиб ба муҳосира гирифта шуд

Ба ҳадди рекордӣ расидани пасандози русиягиҳо

Дар Шведсия бокси ҳирфаиро эҳтимол манъ созанд

18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед