logo

фарҳанг

ИН МАРЗИ ШОИРОН АСТ, ИН МУЛКИ ДӮСТДОРИСТ

Бидуни шубҳа, яке аз падидаҳои нодиру бесобиқаи Истиқлолияти давлатии мо мулоқоти ҳамасолаи Президенти кишвар бо зиёиёни Меҳан маҳсуб меёбад. Ин хушбахтии эҷодкорон аст, ки Пешвои миллатамон чунин арҷгузории баланд ба онҳо дорад. Ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои омадан ба сари кор ӯ такя ба аҳли илму адаб, зиёиёну равшанфикрони миллат кард.
Аввалин мулоқоти ӯ низ баъд аз омадан ба пойтахти кишвар, дар рӯзи дуюм, мулоқот бо аҳли илму адаб буд, ки мо - ҳама ин мулоқоти таърихӣ ва самимонаро дар ёд дорем. Агар миллати афтодаи мо бо неруи худ пайваста қомат афрохтаву боло шуд, ба шарофати он аст, ки ӯ такя ба хирад кард, муттакоро дар суннатҳои неки миллии худ ҷуст ва аз домани худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба бузургон дошт.
Ҳар миллат аз паси фазилатҳои зотии худ меравад, миллати мо, Сарвари мо низ ин роҳро пеш гирифтанд. Дар ҳеҷ кишвари дигар чунин нест, ки Президенти кишвар ҳар сол бо намояндагони зиёиён рӯ ба рӯ нишинаду мулоқот кунад, арзу дод ва пешниҳодашонро бишнавад. Мо, аҳли адаб, шоҳиди тамоми ин мулоқотҳо будаем, дидаем, ки чи гуна Сарвари кишварамон самимона бо адибон суҳбат мекунад, онҳоро мефаҳмад, ба онҳо эътимоду бовар дорад. Эътимод ва бовари Пешвои миллат ба зиёиён, эътимоду бовар ба илм, адабиёт, санъату ҳунар аст, ки дар тӯли таърихи мо ягона ҳуҷҷати ҳастӣ ва сипари рӯзгорони миллати мо будааст.
 Эътимоди Сарвари миллати мо ба анъана, расму ойин, ҳунарҳои миллӣ низ беҳуда нест. Инҳо ҳама сутунҳое ҳастанд, ки кохи фарҳангу маданияти мо, қалъаи имону виҷдони моро дар тӯли асрҳо алайҳи боду бӯронҳои шигифтангези таърих зиндаву пойдор нигоҳ доштаанд. Аввалин гомҳои Ҳукумати соҳибистиқлол ва халқи хирадниҳоди мо дар эҳёи дубораи забони модарӣ, ки шаҳсутун ва муттакои ҳастии миллати мост, дар дастгириву ғамхорӣ аз эҳёи суннатҳои баланди миллиамон, аз ҷумла Наврӯзи аҷам, ки мисли ҷавшан дар корзори таърих моро аз тиру туфанги марговари душманон ҳимоят намудааст, беҳуда нест. Зеро ҳамин забони муқаддаси модарӣ, ҳамин суннатҳои некманишона, ҳамин Наврӯзи хуҷастаниҳод, ки бар зербуни абадият қомат афрохтааст, халқи фарҳангофару заҳматдӯсти моро зинда доштаанд.
Мо - зиёиёни тоҷик, хушбахту сарфарозем, ки чунин Сарвари адабпарвар, ватандӯст дорем, ки пуштибони ҳунару санъату адабиёт аст. Мо хушбахтем, ки ӯ дӯстдори каломи волост, пуштибону дастгири ҳар нафар соҳибистеъдод ва ҳунарманд аст. Ин падида низ танҳо дар кишвари мост, ки ҳар сол дар арафаи Ҷашни Наврӯзи ҳумоюнфар, дар арафаи мулоқот бо равшанфикрон Сарвари кишвар аз ҳисоби захираҳои Президентии худ маблағи ҳангуфтеро барои нашри китобҳои адибон ҷудо мекунад. Ба ин шарофат беҳтарин намунаҳои адабиёти мо ба сурати китоб медароянд ва ба дасти таърих, ба дасти хонандагонашон мерасанд. Ин ғамхорӣ, ин дастгирӣ назир надорад. Ва, оқибат мо ҳама мафтуни суханони пур аз меҳру муҳаббат ва самимонаи Президентамон ҳастем. Вақте ки Пешвои миллат дар мулоқоти хотирмони таърихии худ бо зиёиёни кишвар ва адибони ҳавзаи Наврӯз, ки аз гӯшаҳои гуногуни дунё ҳузур доштанд, аз минбари баланд бо муҳаббат ва самимият изҳор дошт, ки:  “Ман шоиронро дӯст медорам!”, ҳама ҳозирин: ҳам мо - зиёиёни тоҷик ва ҳам меҳмонон, адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз сари по хеста дуру дароз кафкӯбӣ карданд. Вақте ӯ мегуфт, ки “Ман шоиронро дӯст медорам” шаҳд аз забонаш мерехт, чашмонаш медурахшиданд ва воқеан дар ин изҳор меҳру муҳаббат ҷилвагар буд. Ин суханон дили мо, роҳи мо, дунёи моро рӯшан карданд ва ман аминам, ки ҳамеша рӯшании онҳо бо мо хоҳад буд.
Мо - шоирони тоҷик бо ҳама самимияту муҳаббати фарзандона дар ҷавоб мегӯем. Мо низ Пешвои худамонро дӯст медорем, Пешвоеро, ки Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ наҷот додааст, Пешвоеро, ки Тоҷикистонро дубора эҳё гардондааст, Пешвоеро, ки тавонистааст моро ба Ваҳдати миллӣ расонад, Пешвоеро, ки ному шарафи миллати моро баъд аз бузургони гузаштаву оламшумуламон дар арсаҳои ҷаҳонӣ дурахши тоза бахшидааст, Пешвоеро, ки шуълаи ишқи Ватанро дар ниҳоди ҳар яки мо фурӯзон сохтааст. Ва оқибат Пешвоеро, ки бо аҳли илму адабу ҳунари кишвари хеш аст.
Чӣ қадар меҳр, самимият ва маъниҳои таҳтонии зиёде дар ин изҳор, дар ин мафҳум ҷилвагар аст:
"Ман  шоиронро дӯст медорам!"
Аввало, ман шоиронро дӯст медорам, яъне, ман ба сухан арҷи баланд мегузорам аст. Баъдан, ман шоиронро дӯст медорам, яъне, ман фарҳангу маърифату фазилати халқамро дӯст медорам, ман хазинаҳои маънавии гузаштагон, нобиғагони илму адаб, ҳунар ва истеъдод, завқу дониш ва хуҷастагиҳои миллати эҷодкори худро дӯст медорам аст. Ва, оқибат, ман шоиронро дӯст медорам, яъне, ман инсонро дӯст медорам, зебоиҳоро дӯст медорам, арҷи баланд ба ишқ, ба меҳру муҳаббат, ба одамгарӣ, хайрхоҳиву некномӣ мегузорам гуфтан аст. Бидуни шубҳа, дар ин маврид дар мафҳуми шоирон тамоми равшанфикрони миллати мо ҳаққи ҳузур доранд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст.
Мо - адибону равшанфикрони тоҷик, мешитобем ба мулоқот бо Сарвари дарёдили кишвари худ, бо пуштибону ғамхори эҷодкорон, бо Пешвои миллат, бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, то аз сухани ӯ боз дил равшан кунем, то аз гулхани фурӯзони ҳастии ӯ дар вуҷуди худ низ гулханҳо барафрӯзем, то аз оташи фурӯзони ниҳоди ватандӯстонаи ӯ дар чашму дилу дастонамон машъалаҳо барафрӯзем ва бо неруи наву тоза, бо рӯҳияи наҷиби меҳанпарастӣ ба бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли худ идома диҳем.
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2017    №: 57    Мутолиа карданд: 432

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед