logo

сиёсат

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.

Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радиоро дарбар гирифт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷдиди сохтор Раҳматуллозода Сахидод - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Ниёзӣ Ёрмуҳаммад – директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Қудрат ба вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Шарифзода Мумин Машокир – ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Фақеров Ҳамидуллохон – ректори Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҷӯрабоев Ҷамшед – ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Идиев Хайриддин - ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таъйин гардида, Латифзода Диловар аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд.
Давлатзода Зевар аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" озод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири фарҳанг таъйин гардид. Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музаффар - муовини вазири фарҳанг, Саидов Носир – директори Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина", Шамсуддинзода Садриддин – директори Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" ва Шамсиддинзода Субҳиддин – директори телевизиони "Тоҷикистон" таъйин гардиданд.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳайати раёсати Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардиданд.
Ба вазифаи сардорони раёсатҳои маорифи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба тавсия шуда, барои рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, гузарондани ислоҳоти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ки нав таъйин гардиданд, дастур доданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намуда, барои аз байн бурдани кирдорҳои дорои характери коррупсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, шаффофият ва назорати дурусти маблағҳои буҷети давлатӣ ва таъмини фазои солеҳ дар муассисаҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссарони ҳарбии комиссариятҳои ҳарбии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин командирони қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавон, таълимгирифтагони ду-се муассисаи олии таҳсилоти низомӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъйин гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъули соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таъйингардидаро ба хизмати софдилона ва садоқат ба давлату миллат даъват намуда, таъкид доштанд, ки дар иҷрои вазифаҳои базиммадошта бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2017    №: 57    Мутолиа карданд: 473

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед