logo

Хабарҳо

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Дар назди муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо иштироки масъулони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, соҳаи истихроҷу интиқол ва нигоҳдорию истифодабарии ангишт ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Азим Иброҳим таъкид намуд, ки тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зимистони соли 2017-2018 ба шабакаҳои гармидиҳии мавҷуда пайвастшавии зиёда аз 1500 бинои баландошёна ба нақша гирифта шудааст.
Мутобиқи  ҳисобҳои пешакӣ талаботи воқеии иқтисоди кишвар бо баҳисобгирии корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ ба ангишт дар соли 2017 зиёда аз 1,8 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Мутаассифона, иҷрои нақшаи интиқоли ангишт барои моҳи март, ки 59 ҳазор тонна мебошад, дар сатҳи зарурӣ нест, аз ин рӯ, масъулини соҳа вазифадор шуданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат барои рафъи ин камбудӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Азим Иброҳим ба масъулони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ хотиррасон намуд, ки субъектҳои соҳа бояд истихроҷи ангиштро дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда ба роҳ монанд. Илова бар ин, вақти он расидааст, ки онҳо тарзи саноатии истихроҷи ангиштро марҳила ба марҳила роҳандозӣ намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 184
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед