logo

Хабарҳо

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз оқибатҳои бади офатҳои табиӣ, хусусан тармафароӣ ва бартарафсозии мушкилоти дар ин самт  ҷойдошта, диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, ба масъулони мақомоти дахлдор супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат зимни ҷаласаи машваратӣ ҷиҳати сари вақт  бартараф сохтани  оқибатҳои боришоту  тармафароӣ,  таъмини амнияти шаҳрвандон ва   эмин нигоҳ доштани  хоҷагии халқ   сафарбар намудани техникаҳои зарурӣ ва гурӯҳҳои кориро  таъкид  намуда, сокинонро ба эҳтиёткорию кумаки ҳамдигар ҳидоят карданд.
Сокинони меҳнатдӯсти деҳаҳои Сафеддара, Муъминобод ва  Баҳори  ноҳияи Лахш - тоҷикону қирғизҳо маҳз суханони Пешвои миллатро барои  кумаку дастгирии ҳамдигар дар рӯзҳои вазнини замистони қаҳратун сармашқи кори хеш намуда, ба ҳашари тозасозии роҳҳо баромаданд.
- Қариб  400 нафар бошандагони деҳаҳои номбурда ба  кори дастаҷамъонаи тозакунии роҳҳо баромаданд. Ин ҳашар дар масири мошингарди байни рустоҳои Муъминобод, Сафеддара ва Баҳор то шоҳроҳ  дар рӯҳияи дӯстию бародарии мардуми тоҷику қирғиз сурат гирифт,  - гуфт Мустафо Асоев, сокини ноҳия.
 Ба гуфтаи Бахтиёр Аюбов, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, боришоти зиёди барфи замистон ба вазъи роҳҳои мошингузар таъсири ногувор расонданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯзҳо ҷиҳати рафъи мушкилот тадбирҳо меандешад. Масъулони нигоҳдории роҳҳои автомобилгард барои таъмири роҳҳо талош  мекунанд, аммо техникаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард низ таъмирталабанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 265

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед