logo

Хабарҳо

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ шинос шуд.
Ҳадаф аз ин сафари Сарвазири мамлакат таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ҷаласаи Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода дода шуда буданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар наздикиҳои рӯду дарёҳо ҷойгир мебошанд, бо масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ таъмин карда шудаанд.
Қоҳир Расулзода нахуст аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа, ки алҳол мавриди азнавсозӣ қарор дорад, бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар атрофи фурудгоҳ ва таҷдиди хати парвози он ошно гашт. Дар ноҳияи Бохтар аз мавзеъҳои хавфноки назди соҳили деҳоти Бохтариён дидан карда, бо ҳолати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва кӯчондани аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф шинос шуд.
Дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои таҳкими соҳил дар мавзеъҳои сойи Даҳана, Тебалай ва дарёи Ёхсу ошноӣ пайдо намуда, дар ноҳияи Восеъ аз мавзеъҳои наздисоҳилии Кафтархона ва Ҳоҷаи Шом дидан кард. Инчунин, Сарвазири мамлакат бо ҳолати кор дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуд. Дар ин ноҳияҳо мавзеъҳои назди соҳили дарёи Панҷ, ки нисбатан хавфу хатар доранд, бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумат таҳким бахшида шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома доранд.
Дар ҷараёни шиносоӣ Қоҳир Расулзода роҳбарияти вазорату идораҳо, вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки барои иҷрои босифати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва таъмини амнияту бехатарии аҳолию иншооти таъйиноти гуногун ва иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Сарвари давлат тамоми чораҳои заруриро биандешанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 290

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед