logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

БОЗОРИ ГУЛФУРӮШОН
Надонам, дидаӣ ё не,
Ту, эй хонандаи ҷонӣ,
Ки дар Наврӯз аз кӯҳсор
Ҷавону пири дар бозор
Биёрад гул, фурӯшад гул,
Чу дар гулзор ҷӯшад гул.
Биё бозори онон бин,
Ту ҳоли гулфурӯшон бин.

- Гули Наврӯз сар бар кард,
Ҷаҳонеро муаттар кард.
Нигаҳ кун, панҷадор аст ин,
Арӯси навбаҳор аст ин.

- Гули сияҳгӯш ҳафтранг аст,
Хӯроки кабки дилтанг аст.

- Гули зардак, гули зардак,
Биё, як қабза хар мардак…
Алолам, ту надорӣ пул,
Сағера, ма, гули бепул…

- Аё дилбар, биё гул бар,
Биё гул бар, аё дилбар…
Ғаффор МИРЗО, Шоири халқии Тоҷикистон


НАВРӮЗ ДАР ҶАҲОН
Афғонистон. Наврӯзро дар Балхи ин кишвар, ки шаҳри бостонӣ маҳсуб меёбад, 40 рӯз ҷашн мегиранд. Бо номи «Гули сурх» низ машҳур мебошад.
Эрон. Наврӯз 13 рӯз идома меёбад. Соли нави шамсӣ аз ҳамин рӯз оғоз меёбад. Аз рӯи расму ойин идонаи кормандонро бо пули коғазии нав медиҳанд.
Покистон. Номи рӯзи аввали Наврӯз «Олами рӯшноӣ» мебошад. Наврӯз бо ду ном дар ин сарзамин  шуҳрат дорад: «Ҷашни гули сурх» ва «Иди Наврӯз». Дар «Иди Наврӯз» сабт гардидааст.
Озарбойҷон. Наврӯзро се рӯз, аз 20 то 23 март дар ин кишвар ҷашн мегиранд. Оростани дастархони наврӯзӣ ҳатмист. «Бирав, бирав» аз сурудҳои машҳурашон аст. Моҳ бояд ҳарчи зудтар биравад ва офтоб бибарояду  муждаи рӯзи нав – Наврӯзро бидиҳад.
Қирғизистон. Наврӯз дар ин ҷо як рӯз таҷлил мегардад: аз субҳ то шом.
Расм аст, ки бо либосҳои миллӣ ва силоҳҳои қадимӣ дар ҷашн ширкат биварзанд.
Қазоқистон. Наврӯз 22 март таҷлил мегардад. Ба идгоҳ мардум бо либосҳои миллӣ мераванд. Аз рӯи расму оин суманакро дар ҳафт зарфи сафед ба ҷашнгирандагон пешкаш менамоянд.
Туркманистон. Наврӯз дар ин кишвар 20 март таҷлил мегардад. Бо амри президенти мамлакат ин рӯз – Рӯзи зан эълон шудааст.
Таҳияи А. РАҲИМ


ГУЛГАРДОНӢ
Хотираҳо ҷон мегиранд, болу пар мекушоянд ва маро чун наврасони гулфурӯш бо чи шавқу ҳавас, умеду орзуҳое бо ҳамсолонам ба талу теппаҳои ҷомасабз гулчинӣ мебаранд. Зуд ёфтани гул ҳам осон нест. Сад хаму пуштаро тай мекунӣ, дар баргаҳу ҷариҳо мелағжӣ, дасту пой аз неши хор пурзахм, либосҳо даридаву лойолуд, лек гирди тоқиву даст пури гул ҳама азобро аз ёд мебарорӣ. Боз лаззати ҳаловати сари чӯб ё килке бастани гулдаста ва онро баланд бардошта, бо навои ширадори найи бобои Гурез тозону сурудхонон ба деҳа даромадану дар ба дар гаштанро тасаввур кунед.
Гул овардам ба меҳмонӣ,
Ту қадри гул ҳамедонӣ…
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон


ФОЛГИРӢ
Яке аз ойинҳои пешбинӣ кардан дар Наврӯз сабзонидани дувоздаҳ навъи ғалладона: гандум, ҷав, нахӯд, боқило, зағир, наск, мош ва ғайра мебошад. Ин ғалладонаҳоро дар зарфҳои гуногун месабзонанд ва аз суръату сифати сабзиши онҳо фол мегиранд, ки кадом навъи ғалладона дар ин сол нашъунамои хуб карда, ҳосили фаровон медиҳад.
Дар аҳди Сосониён 25 рӯз пеш аз Ҷашни Наврӯз аз хишт   сутун сохта, даруни онҳоро бо хок пур мекарданд. Ин дувоздаҳ сутун рамзи дувоздаҳ моҳи сол ҳисоб мешуд. Дар дохили онҳо навъҳои гуногуни ғалладонаро кошта, аз равиши сабзидани онҳо муваффақияти кори кишоварзонро дар соли оянда пешгӯйӣ мекарданд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


«НАВРӮЗ МУБОРАК БОД!»
Мегӯянд, шоири шодравон Ғоиб Сафарзода дар он рӯзгоре, ки таҷлили Наврӯз мамнӯъ буд, ба идораҳои нашрияҳо ва телевизиону радиои кишвар сабзаи гандум ва суманак мебурдааст. Аз тарси сиёсати давр масъулон онҳоро намехостаанд, ки аз дасташ бигиранд. Аз ин рӯ, худ болои мизашон гузошта ва мегуфтааст: «Ҷашни ниёгони бошарафамон мебошад. Натарсед! Ақаллан дар идораҳо, хонаҳо барои худ ҷашн бигиред. Наврӯз фаро мерасад. Мо бояд ӯро бо шодию фараҳ, муҳаббату самимияти тоҷикона истиқбол бикунем. Агар ноумед баргардад, ноумедӣ моро дар тамоми сол тарк нахоҳад кард. Зарур аст ва ҳам қарз ҳаст, ки ҳамдигарро бо Наврӯзи хуҷастапай табрик бигӯем. Наврӯз муборак бод!»
А. РАҲИМ


Аз ҲОЛИ то КУПАЛА
Ҳоли (17-18 март)
Он дар Ҳиндустон иди баҳор ва рамзи оғозёбии Соли нав мебошад. Иди Ҳоли ду рӯз идома меёбад. Рӯзи аввали ҷашн қарибии шаб гулхан меафрӯзанд, ки рамзи сӯхтани Ҳолика ба ҳисоб меравад. Бино ба ривояти Бҳагаватепурана Ҳолика хоҳари шоҳ Ҳиранякашипу буд, ки ба раияти худ парастиши худоҳоро манъ карда, худро Худо эълом кард. Ба амри шоҳ ҳама сар фуроварданд, ғайр аз писараш шаҳзода Праҳлада. Ӯ бидуни тарс Вишнуро ҳамчун Офаридгор мепарастид. Инро фаҳмида Ҳиранякашипу амр дод, ки Ҳолика ҳамроҳи шаҳзодаи якрав  ба гулхан дароянд. Ҳолика мебоист Праҳладаро то ҳалок шуданаш дар оташ медошт. Ҳолика бошад, аз оташ боке надошт, зеро тибқи ривоятҳо  ӯ намесӯхт. Аммо аҷоибот ба амал омад: бо иродати Худо Вишну Праҳлада аз гулхан солим берун омаду Ҳоликаи бадгуҳар сӯхта хокистар шуд.
Дар рӯзи дуюми ҷашн иштирокчиёни маросим ба якдигар хокаҳои гуногунранг ва оби пурҷило мепошанд, ки дар Соли нав хушбахтӣ орад.

Иван Купала
Иван Купала иди славянии мардуми Русия, Украина ва Беларус аст, ки дар тобистон таҷлил мегардад. Ҷашни мазкур дар кӯтоҳтарин шаби сол бо афрӯхтани гулхан ва ҷаҳидан аз он, рақсу суруд, бозиҳои мардумӣ  сурат мегирад.
Ин ҷашни парастиши нур, Офтоб ва ҳама мавҷудоти зинда буда, дар ин вақт шабнам шифобахш, рустанӣ давоӣ ва об сафобахш шинохта мешавад.
Тибқи ривоятҳо дар шаби Купала хуфтан мумкин нест, зеро он замони хуруҷи неруҳои сияҳкори табиат буда, барои дафъи онҳо мубориза бояд бурд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ҲАДЯ
Мегӯянд, ки Абуалӣ ибни Сино дар рӯзи Наврӯз аз назди дукони нонвое мегузашт. Дар ин вақт кӯдаке омаду гуфт, ки барои барафрӯхтани гулхани наврӯзӣ оташ мехоҳам. Нонво ӯро гуфт: «Оташро дар чӣ бидиҳам? Ку он зарфат? Оташро ба даст, ки гирифта наметавонӣ?».
Кӯдак дарҳол миқдоре хокистари сардро аз танӯр гирифт ва рӯи кафи дастонаш рехту гуфт: «Оташро рӯи кафи дастам бигузор, намесӯзам.».
Ибни Сино аз ақлу заковати ӯ дар тааҷҷуб афтод ва ҳам бо афсӯс гуфт: «Ҳайф аз ин гуна истеъдодҳо, ки аз миён мераванд».
Кӯдак фавран ӯро бо зиракӣ посух гуфт: «Агар истеъдодҳои чун мо аз миён намерафтанд, шумо чӣ гуна Абуалӣ  ибни Сино мешудед?»
Ибни Сино хандид ва бар ӯ ҳадяи наврӯзӣ дод. Кӯдак ин бор низ зуд ҷавоб гуфт: «Барои оташ омада будам, бо худ ҳадяи наврӯзӣ низ мебарам, ҳадяе аз дасти мубораки олиму нобиғае чун Ибни Сино».
Ибни Сино бо хушҳолӣ ва табассум изҳор дошт: «Оре, бар асари доноӣ ва зиракӣ».
Таҳияи А. РАҲИМ


ИҚБОЛИ ПАРАСТУ
Дар осмони «Бешаи палангон» селаи парастуҳо пайдо шуд. Аз парвози ин парандаҳои афсонавӣ ҳавасам омад. Онҳо дар симчӯби назди хоначаи ҷангалбон нишаста байни худ бошавқ суҳбат доштанд...
Парасту парандаи тезпар аст. Дар як соат то 200 километр парвоз мекунад. Олимон исбот кардаанд, ки дар дунё 79 намуди парасту ба сар мебарад, ки 7 намуди он дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Парасту ҳамагӣ 9 – 10 сол умр мебинад, ҳар сол нахустин шуда муждаи баҳорро маҳз он ба мо меорад. Бисёрии онҳо дигар ба кишварҳои ҳамсоя кӯч намебанданд. Басо рамзист, ки парастуҳои 10 - сола дар охири фасли баҳор мемиранд. Дар баҳор тавлид шудан, бо баҳор зистан ва бо рафтани он тарки ин дунё намудан фақат хоси парастуҳо мебошад.
Маҷид САЛИМ, барандаи  Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ


РӮШАНӢ ДАР ИН БОРА ЧӢ МЕДОНЕМ?
Наврӯз рамзи музаффарияти Аҳурамаздо – худои рӯшанӣ аз болои Аҳриман – худои зулмот аст. Онҳо ҳамеша байни ҳам зиддият доранд. Яке мехоҳад, ки дунё дар торикиву сардӣ ва зиштиву ҷаҳолат ғӯтавар бошад, дигаре мохоҳад, то дунё саршор аз рӯшаниву гармӣ, нуру зиё ва сабзаву гул гардад.
Оё мо медонем, ки рӯшанӣ ба ҷуз ин ҳама, инчунин хидмати бузургтареро дар назди инсоният ба ҷо меорад? Ин хидмати ҷовидонӣ хосияти дидан аст, ки неъмати бебаҳои мост. Бисёр касон ин хусусияти физикии рӯшаниро дар мактаби миёна хондаанд. Ин рӯшанист, ки ба ашё бармехӯрад ва шаклу рангу ҳаҷму ҳаракати ашёи ҷондору беҷони табиатро ба чашмони мо инъикос менамояд. Сабаби дар хонаи торик аз дидан маҳрум шудани мо далели қотеи он аст. Агар хурдтарин шуои рӯшанӣ ба он хона ворид шавад, дарҳол қобилияти биниш фаъол мешавад. Наврӯз қонунҳои табиатро дар худ гунҷондааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР


ТАМАННО
Наврӯзи оламафрӯзи мо таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Таҷлили он, албатта, дар ҳар давру замон гуногун сурат мегирифт. Пас аз истиқлолият он дар кишвари мо танҳо бо саъю кӯшиши Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи давлатӣ ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил мешавад. Воқеан, ин ҷашнро бо сифатҳои башардӯстонааш ҷаҳониён ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфтанд. Албатта, боиси ифтихори ҳар яки мост, ки он тарғибгару талқинкунандаи некиву некукорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзӣ мебошад.
Таманнои ҳар дӯстдори Наврӯз аст, ки он файзу баракат биёрад ва рӯҳамонро ҳамеша болида бигардонад. Бовар дорем, бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат насими зиндагибахши наврӯзӣ ба хонадонамон сарсабзӣ ва хушбахтӣ меорад.
Акрамхон МУСЛИМОВ, нафақагир, шаҳри Кӯлоб


«ҶУФТБАРОРОН»
Тоҷикон аз қадимулайём барзгаранд. Тӯли қарнҳо дар оғози маъракаи киштукор маросимҳои анъанавии «ҷуфтбаророн» ва ғайраро анҷом медиҳанд.
Мавсими  «ҷуфтбаророн» дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ ба нимаи дуюми моҳи феврал рост омада, асосан дар водиҳои Рашту Кӯлоб, Ҳисору болооби Зарафшон маъмул буд. Дар қисмати шимоли кишвар бо андаке тағйирот гузаронда шуда, истилоҳҳояшон низ дигар «қӯшбаророн» ва «юғмонон» номида мешуданд. Кишоварзони болооби Зарафшон, ки то ҳоло ин анъанаро бештар идома медиҳанд, маросими мазкурро «ҷуфтиговбаророн», «тухмбаророн», «иди гову деҳқон» ва «говбандон» мегӯянд. Дар Яғноб онро «киштай живарак», дар мавзеи Бартанг «ғъимун», дар баъзе маҳалҳои ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон «раждъед» ва «ҳиҷзивест» меноманд. Агар дар байни мардуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва қисмати шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо истилоҳи «қулбакашӣ» маъмул бошад, дар вилояти Ғур (Афғонистон) онро «говхунук» мегуфтаанд. Дар аксар минтақаҳо барзаговонро баъди гузашти «Дувоздаҳи кабки рав», ки ба охири моҳи Ҳут рост меомад, мебароварданд.
Маросими «ҷуфтбаророн» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рӯзҳои Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз – Шогунбаҳор гузаронда мешавад.
Мирзои ФИРӮЗ,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ


НАВРӮЗ: кай ва дар куҷо?
Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Дар аксари ин кишварҳо Наврӯз ба сифати ҷашни расмӣ ва миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ид карда мешавад.
Наврӯз дар Афғонистон – 21, дар Эрон аз 20 то 23, Озарбойҷон аз 20 то 23, Қазоқистон аз 21 то 24, Туркманистон аз 20 то 23, Қирғизистон ва Курдистон 21, Албания (Иди Баҳор) аз 20 то 23,  Косово 21 – уми март ҷашн гирифта шуда, рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд.
Дар Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз  аз 21 то 24 - уми март ба таври тантанавӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Лола РИЗОЕВА


КУРДҲО ВА НАВРӮЗ
Қабилаҳои гуногуни курдҳо, ки дар Эрон, Туркия, Ироқ ва Сурия  зиндагӣ мекунанд, Наврӯзро дар фазои тантанавӣ ҷашн мегиранд. Онҳо аз лиҳози забон ва мазҳабҳои динӣ ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо мешаванд, вале дар зимн Наврӯзро таҷлил менамоянд. Ҷашни Наврӯз дар фарҳанги курдҳо ҷашни озодӣ ва озодшавии одамон аз бадӣ, зӯроварӣ ва зулми Заҳҳок тавассути Коваи оҳангар маҳсуб мешавад. Бинобар ин, курдҳо дар рӯзи якуми баҳор худро ба оғӯши табиат мезананд ва аз файзу нишоти он баҳра мебаранду фарорасии Соли нав ва аввали баҳорро бо оташафрӯзӣ истиқбол менамоянд. Оташи солинавӣ тибқи назари курдҳо бояд дар ҷои баландтарини хона, яъне боми он афрӯхта шавад. Наврӯз барои курдҳо ин на танҳо рӯзи боигарию фаровонӣ ва тавоноӣ, балки рамзи сулҳ ва дӯстӣ мебошад.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ


ХӮШАЕ АЗ ГӮШАЕ
Ҷашни гулҳо яке аз машҳуртарин ҷашнест, ки  дар пойтахти Нидерландия шаҳри Амстердам ҳамасола гузаронда шуда,  ҳар бинандаро мафтун месозад. Дар ин ҷашн қариб тамоми аҳолии шаҳр худро ба қаҳрамонҳои афсонавӣ монанд карда, баданашонро бо гулҳои нодиру зебо оро медиҳанд. Дар он тамоми кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто мошинҳо гулпӯш мегарданд. Барои баргузории чунин ҷашни ғайриодӣ қариб ду миллион дона гулҳои рангаю зебо истифода мешавад.
Ҷашни аҷибу ғайриодии дигаре, ки баҳри болидарӯҳии мардуми Испания гузаронда мешавад, ин «la Bata lle del» ном гирифтааст. Дар ин рӯз тамоми аҳолӣ аз субҳ то шом мерақсанду хӯрокҳои ройгон ба онҳо тақдим мешавад. Бо фаро расидани шом онҳо ба майдони васеи шаҳр баромада, аз рӯи анъана якдигарро бо  помидор мекӯбанд. Дар анҷоми фестивал ба ҳавзҳои афшураи помидор даромада, сару баданашонро мешӯянд. Дар ҷашн чандин тонна помидор истифода мешавад.
Дар Ҷопон ҷашне ҳаст, ки  дар он танҳо мардҳои аз 23 то 43 - сола  иштирок меварзанд. Ин чорабинӣ ҳамасола дар ҳафтаи сеюми моҳи феврал гузаронда мешавад. Мардон бо сарбанди махсуси  фундоси худро оро дода, барои муҳориба ба  ибодатгоҳи Сайдайдзи мераванд. Дар анҷоми чорабинӣ худро аз мушкилиҳо ва нобаробариҳои рӯзгор бо оби яхшуда пок месозанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 350

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед