logo

фарҳанг

21 МАРТ. ОҒОЗИ ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ

Тантанаҳо ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2017 дар пойтахти кишвар – шаҳри дилорои Душанбе 21 март оғоз меёбанд.

Субҳи ин рӯз  дар боғҳои фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Пойтахт», ба номи С. Айнӣ ва майдони «800 – солагии Москва» (оғоз – соати 9) бо иштироки устодону ситораҳои санъат ва адибон консертҳои идона ва маҳфилҳои шеъру суруд баргузор мешаванд. Нимаи дуюми рӯз дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» барои сокинону меҳмонони Душанбе барномаи бошукӯҳи театришудаи наврӯзӣ пешкаш мегардад. Шоми 21 март меҳмонону сокинони пойтахт мушакпарронии (фейерверки) идонаро аз 7 бурҷи шаҳр тамошо карда метавонанд.
Дар Душанбе ба ифтихори Наврӯзи дилафрӯз барои дарёфти «Ҷоми пойтахт - 2017» мусобиқаҳои калони гӯштин, аспдавонӣ, волейбол байни бонувон ва теннис байни духтарону наврасон доир мегарданд. Тибқи қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 23 март (соати 14) дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ (соати 14) ва 24 март (соати 10) пойгаи  аспдавонӣ,  аз 21 то 24 март дар мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ мусобиқаи волейбол дар байни бонувон ва аз 21 то 24 март дар «Қасри теннис» - у «Тоҷварз» - и шаҳри Душанбе ва корти тенниси тобистонаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мусобиқаи теннис дар байни наврасону духтарон баргузор мешаванд. Маблағи корҳои ташкилӣ ва ҷоизаҳо барои ғолибон беш аз 155 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
А. САЙВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 340

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед