logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. 1 МИЛЛИОНУ 200 ҲАЗОР СОМОНӢ БА НИЁЗМАНДОН

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон чанде пеш Зариф Вализода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, беш аз 100 нафар сокини ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро ба ҳузур пазируфта, арзашонро шунид. Миёни кулли масъалаҳое, ки дар рӯзи қабули шаҳрвандон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт,  чун ҳамеша ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар сархат қарор дошт.

Дастрасии сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди манзил, боғ, иваз кардани қитъаи замин, бинобар дар селроҳа ва ё дар масоҳати дур қарор доштанаш, аз ҷумлаи он муроҷиатҳое буданд, ки ба раиси ноҳия пешниҳод гаштанд. Масалан, Набиҷон Раҳматҷонов аз Ҷамоати деҳоти Унҷӣ  аз қитъаи замини дар мавзеи Ҳамробод ҷудошуда, барои аз манзили истиқоматиаш дур будан, даст кашида, мехоҳад аз мавзеи Сайҳун соҳиби замин шавад. Сокини Ҷамоати деҳоти Ёва Манзура Абдуғаффорова бошад, дар муроҷиати худ аз ҷумла навиштааст: “Вазъияти оилавӣ имкон намедиҳад, ки дар қитъаи замини дар мавзеи Учбоғ ҷудошуда манзил бунёд кунам”. Номбурда аз раиси ноҳия хоҳиш кардааст, ки барои ба ӯ аз мавзеи Сайҳун ҷудо кардани қитъаи замин мусоидат намояд. Раиси ноҳия шахсони масъули идораи замин ва ҷамоатҳоро вазифадор кард, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа омӯхта, баъдан бо риояи талаботи қонунгузории ҷорӣ хулоса бароранд.
Шаҳрвандон Комилҷон Зоиров, Мавзуна Сулаймонова аз шаҳраки Ғафуров,  Абдуллоҷон Мирбобоев, Манзура Абдуғаффорова, Моҳӣ Ҳасанова аз Ҷамоати деҳоти Ёва, Волида Набиева аз Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, Дилором Юсуфова аз Ҷамоати деҳоти Хистеварз дар баробари ҳалли як қатор мушкилоти мардум ва сабзу хуррамгардонии кӯчаву маҳаллаҳо, аз раиси ноҳия хоҳиш намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити манзили зист, дастрасии масолеҳи сохтмонӣ ва дастгирии молиявӣ мусоидат намояд.
Дар суҳбат Зариф Вализода иброз дошт, ки ҳар як муроҷиати шаҳрвандон мавриди омӯзиш ва таҳлили гурӯҳи корӣ қарор гирифта, хулосаи он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод мегардад. Дар асоси ҳамин хулоса ба шахсони эҳтиёҷманд ёрии амалӣ расонда мешавад. Ба гуфтаи  раиси ноҳия, бо беҳтар шудани вазъи молиявӣ, барзиёд иҷро гаштани нақшаи андоз танҳо дар соли 2016 ба шахсони камбизоат, маъюб, оилаҳои серфарзанд зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода  шудааст ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 340

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед