logo

иҷтимоиёт

СОКИНОНИ КАМОНГАРОН СИПОСГУЗОРАНД

Ободонию зебоии қаламрави мамлакат, хусусан пойтахти он – шаҳри Душанбе  таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар радифи гӯшаҳои дигари шаҳр  дар   маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Сино имрӯзҳо  таъмиру сохтмони роҳҳо, рангубори бинои манзилҳои истиқоматӣ,  бунёди хати интиқоли оби ғализ ва навсозии зеристгоҳҳою хатҳои барқ бо маром идома доранд. Тайи як сол мешавад, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ ба кори ободонии сокинони маҳалла ҳамроҳ гардида,  барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҷӯйӣ менамояд.
- Барои беҳбудии   таъмини оби нӯшиданӣ, барқ, бунёди хати интиқоли оби ғализ (корез),  ҳамвору мумфаршсозии кӯчаҳо ва корҳои дигари ободонии маҳаллаи Камонгарон корҳои зиёд ба  сомон расиданд, ки дар он саҳми рӯзномаи «Ҷумҳурият» назаррас мебошад, - изҳор дошт Асрор Тӯраев, раиси маҳалла.
 Ба гуфтаи ӯ, хатҳои фарсудаю зеристгоҳҳои валангори барқӣ солҳои охир наметавонистанд 216 хонаводаро бо барқ пурра таъмин  намоянд.  Ин ҳолат боиси зуд – зуд ба вуҷуд омадани садамаҳо дар ин самт мегардид.  Таҷҳизоти се  зеристгоҳи барқие, ки дар маҳалла мавриди истифодаанд, қариб ба пуррагӣ хароб гардида буданд.  Бо  ташаббуси дастаҷамъонаи сокинон зеристгоҳҳои мазкур  навсозӣ шуда, таҷҳизоти наву пуриқтидор дар онҳо насб гаштанд. Ҳоло бошандагони маҳалла бо барқ таъминанд ва дар ин самт мушкилоте вуҷуд надорад.  Ҳарчанд зимистони вазнин дар баъзе ҷойҳо  муҷиби рух додани садамаҳо ва қатъ гардидани неруи барқ  шуд, сокинони маҳалла  чунин мушкилӣ надоштанд. Фаъолони маҳалла  Н. Шарифов, Ҳ. Назиров, Р. Зубайдов ва  С. Маҳмадов дар айёми сардӣ ҷиҳати пешгирии садамаҳои барқӣ ва мушкилоти дигар дар ин ҷода аз хонаҳои истиқоматии сокинон дидан намуда, истифодаи сарфакоронаи неруи барқро ба соҳибони хонаҳо фаҳмонданд.  Айни замон  дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино  иваз намудани 11 симчӯби хатҳои интиқоли барқ дар Камонгарон ба нақша гирифта шудааст, ки боиси беҳбудӣ ёфтани  ҳолати тақсимоти дурусти неруи барқ  хоҳад буд.
Албатта, ҳанӯз ҳам мушкилоти ҳалталаб мавҷуданд. Барои мисол, вақте мо дар кӯчаю гузаргоҳҳои маҳалла аз ҳолати роҳҳо, хатҳои обу барқ боздид намудем, сокинон аз набудани корезҳо шиква карданд.  Шаҳрванд Бозор Файзиев гуфт, ки бо вуҷуди муроҷиатҳои зиёд ба идораҳои масъул ҷиҳати бартарафсозии мушкилот чорае дида нашудааст. Бовар дорем, ки бо омадани роҳбарияти нави ноҳия дар қатори камбудиҳои дигар мушкили мо низ ҳал мешавад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 315
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед