logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 25 марти соли 2017

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Басо рамзист, ки тайи чанд соли охир мулоқоти мо бо шумо - сокинони сарбаланду заҳматдӯсти вилояти Суғд дар рӯзҳои  ҷашни муқаддаси миллӣ ва оини зиндагисози миллиамон - Наврӯз баргузор мегардад.
Бинобар ин, бори дигар кулли ҳамватанони азиз, сокинони сарбаланду меҳмоннавози вилояти Суғд ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин падидаи нодири фарҳанги ҷаҳонӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, барои кишвари азизамон соли бобарор ва амалишавии иқдомҳои наву созандаро орзу менамоям.
Аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштаанд ва барои пойдории он талош варзидаанд.
Русуму оинҳои зиндагисози ин ҷашн дар заминаи тамаддуни қадимаи моддиву маънавии мардуми мо инкишоф ёфта, бо мурури замон ба одобу суннатҳои мардумиву фарҳангии халқу миллатҳои гуногуни сайёра роҳ ёфта, аҳли башарро ба сӯи арзишҳои олӣ, камолоти ахлоқӣ ва маънавӣ ҳидоят намудааст.
Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо маросимҳои густурда ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд. Воқеан, мо иҷрои суннатҳои наврӯзиро ҳамчун ёдоварӣ аз фарҳанги пурғановати худ ва расму оини зебои аҷдодиамон, ки рӯҳи поку созанда  дорад, бо самимият ҷашн мегирем.
Расми хубе, ки тоҷикон дар ҷашнгирии Наврӯз анҷом медиҳанд, суннати густурдани суфра ё дастархони идона аз боигарии  табиати диёр мебошад, ки ифодагари саховатмандии табиат буда, ишора бар он аст, ки инсон низ мисли табиат бояд саховатпеша бошад.
 Дар шабу рӯзҳои ҷашни Наврӯз суннати аёдати хешу табор ва аз аҳволи эҳтиёҷмандон бохабар шуда, Наврӯзу баҳорро табрик намудан дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи муҳим дорад.  Бузургони мо ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат кумак кардан, Наврӯзро табрик гуфта, шод кардани дили онҳоро аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб донистаанд.
Бояд ҳар як фарди бонангу номус дар ёд дошта бошад, ки маризону эҳтиёҷмандон, хусусан, дар ин айём бештар ба меҳру муҳаббат ниёз доранд. Аёдати онҳо барояшон умеди зиндагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳоро бояд дар шодии наврӯзии худ шарик созем, то чунин хушҳолӣ то Наврӯзи оянда идома ёбад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши наврӯзӣ бори дигар ёдрас мешавам, ки амалҳои хайру савоб, бахусус, дастгирии ятимону барҷомондагон ва маъюбону пиронсолон, ки қарзи шаҳрвандиву рисолати инсонии ҳар фарди бонангу номус ва саховатпешаву савобҷӯй аст, аз мадди назари ашхоси боҳиммат дур нахоҳад монд.
Итминон дорам, ки соҳибкорону сармоядорон ва афроди накукору саховатпеша суннати деринаи ниёгонро пос дошта, дар арафаи Наврӯз муҳтоҷону ниёзмандонро фаромӯш накарда, дили онҳоро шод мегардонанд ва соҳиби савоби зиёд мешаванд.   
Аз табиати офарандаи Наврӯз бармеояд, ки ин ҷашни миллӣ, дар баробари дигар суннатҳои зиндагисози худ, ҷашни ваҳдату ягонагӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, дар шабу рӯзҳои фарорасии Наврӯз ҳамбастагии хосу ом ва муттаҳидии аҳли ҷомеа ба амал омада, кинаву кудурат аз дилҳо  берун мераванд ва риштаҳои дӯстиву рафоқат боз ҳам мустаҳкам мегарданд. Зеро бахшидани якдигар ва дур кардани кина аз қалб инсонҳоро ба ҳам наздик мегардонад.
Наврӯз ба сифати беҳтарин ҷашни миллии мардуми Шарқ таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳро тарғиб менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳангоми ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид намудани Наврӯз қатъномаро таҳти унвони «Фарҳанги сулҳ» қабул намуд.
Ҳамватанони азиз!
Баъди соҳибистиқлолии кишварамон Наврӯз эҳё гардид, мақоми хоса пайдо намуд ва аз ҷашни мардумӣ то сатҳи ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф гардид.
Боиси ифтихор аст, ки муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ, аз қабили бо нақшаву ниятҳои нав оғоз намудани кору зиндагӣ, пок кардани дилҳо аз кинаву адоват, поксозии ҷиҳозу асбоби хона, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон, шинондани ниҳол, донапошӣ ва ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар ин шабу рӯзҳои ҷашн ба таври оммавӣ аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ меёбанд. 
Наврӯз воқеан рӯҳи солим дошта, дар оини мардуми мо сароғози зиндагии нав ва амалӣ шудани ормонҳои наҷиб ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, дар ин давра бо нияти ризқу рӯзии фаровон аксари мардум рӯй ба замин ва корҳои кишоварзӣ меоранд.
Мо дар тӯли чанд соли охир шоҳиди посдории чунин анъанаҳои нек дар байни мардуми вилояти Суғд будем ва бевосита дар ҷараёни оғози корҳои саҳроӣ ва оғози азхудкунии ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобида ширкат намудем.
 Имрӯзҳо мо мушоҳида намудем, ки кишоварзони соҳибтаҷрибаи вилояти Суғд бо заҳмати содиқонаи худ, зиёд намудани майдони парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулот ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саъю талош намуда, дар ин самт бо  кишоварзони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамкории доимӣ доранд.
Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба идомаи корҳои неки ободонӣ ба бунёди боз як боғи бузург дар майдони 4000 гектар асос гузошта шуд, ки дар ду – се соли наздик ин мавзеъ низ сабзу хуррам гардида, ба майдони корномаи созандаи мардуми заҳматдӯсти вилояти Суғд ва як гӯшаи зебои диёри мо табдил меёбад.
Дар давоми чанд соли охир бунёди шаҳракҳои Сайҳун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Баҳористон дар шаҳри Истаравшан, Моҳпарӣ дар шаҳри Исфара, Меҳробод дар ноҳияи Мастчоҳ, инчунин, дар аксари шаҳру навоҳии вилоят бунёд гардидани боғҳои меваҳои гуногун, ки маҳз дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯз сурат гирифтанд, ҳамагӣ самараи заҳмати  созандаи мардуми вилояти Суғдро ҳамчун татбиқи суннатҳои бунёдкориву созандагии фарҳанги Наврӯз муаррифӣ мекунанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Наврӯз ҳамчун шоҳпуле аз қаъри асрҳо гузашта, ормону омоли зиндагии ниёгон ва ҳадафҳои наҷиби созандагии имрӯзу ояндаи моро ба ҳам мепайвандад ва чун ҷашни муждаи рӯзи нав симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро бо арзишҳои волои умумибашарӣ ҳамоҳанг месозад.
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзондану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст.
Азхудкунии заминҳои бекорхобида, истифодаи оқилонаи обу замин, рӯёндани ҳосили фаровон, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, тозаву озода гардондани хонаву кошона, хиёбону маҳалҳои зист ва дигар амалҳои ободонӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардондани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон анҷом диҳем.
Орзумандам, ки баҳору Наврӯзи имсола барои сарзамини мо бо шодиву хуррамӣ ва файзу баракати худ қадам гузошта, ҳамроҳ бо зиндаву тоза шудани табиат дилу дидаи мо низ ҳаёти дубора мегирад.
Бори дигар кулли мардуми сарбаланди вилоятро ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонӣ самимона табрик мегӯям.
Бигзор Наврӯзи имсола низ барои мову шумо наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург гардад!                          
Бигзор Наврӯз ба хонаву кошонаи ҳар кадоми шумо пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза орад!
Ҳамеша саломату сарбаланд ва шодкому пирӯз бошед!
Наврӯзатон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.03.2017    №: 63-64    Мутолиа карданд: 554
25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед