logo

иқтисод

"ТОҶИКСТАНДАРТ". ҲАДАФ - ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Агентии “Тоҷикстандарт” ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа, ки бевосита ба ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат аз воридшавии молу маҳсулоти бесифат, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронда шудаанд, масъулияти калонро ба зимма дорад.

- Бозори истеъмолии мамлакатро аз маҳсулоти пастсифат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда ва саноатро аз истифодаи ашёи хоми пастсифат ва истеҳсоли молҳои ғайристандартӣ ҳифз намудан вазифаи асосии кормандони соҳа мебошад. Барои рафъи ин амалҳои номатлуб ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саъй дорем, ки ҳамкориро бо истеҳсолкунандагону соҳибкорон тақвият диҳем. Фаъолияти ҳаррӯза ва талошу заҳмати ҳар яки мо ба хотири ободии Ватан ва ҳифзи манфиати мардум аст. Аз ин лиҳоз, кӯшиш менамоем, ки бо масъулияти дучанд фаъолият намуда, дар татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузорем, - мегӯяд Ибодулло Қурбониён, директори Агентии “Тоҷикстандарт”.
Бо мақсади баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ соли 2016 дар Агентии “Тоҷикстандарт” ва зерсохторҳои он “Соли дастгирии маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ” эълон карда шуд. Ҳамчунин, бо ҷалби 203 корхонаю ташкилоти ватанӣ озмуни “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Илова бар ин, ҳамкориҳо бо корхонаҳои истеҳсолӣ мустаҳкам гардида, дар арафаи «Рӯзи соҳибкор» дар агентӣ ва марказҳои вилоятии он 60 нафар соҳибкор барои истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир бо мукофотҳои махсус сарфароз гаштанд. Дар заминаи дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ давоми соли 2016 субъектҳои хоҷагидор бо 5283 саҳифа ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин, 62 шарти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати меъёрӣ ба қайд гирифта шуд. Илова ба ин, 461 стандарти байнидавлатӣ қабул шуд, ки 211 адади он (46%) бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг гардонда шуданд.
Яке аз омилҳои асосии таъмини бехатарии молу маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва пурзӯр намудани назорат дар ин самт таҳия ва қабули Регламентҳои техникӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозори истеъмолӣ ва иқтидори содиротии онҳо, истеҳсоли молу маҳсулоти босифати ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ва аз лиҳози экологӣ тоза саҳми муносиб мегузорад.
Қабули ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникии талаботашон ҳатмӣ дар самти назорати бозори истеъмолӣ мусоидат намуд. Дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ ба микдори 5890 тонна маҳсулоти гуногуни ғизоӣ ба қайд гирифта шуд, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва қисми дигари он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон ба талабот ҷавобгӯй набуданд. Ҳамзамон, молу маҳсулоти ғайриғизоӣ, аз қабили 120,8 тонна масолеҳи сохтмонӣ, 3200 метр симноқил, 6653 дона фурӯзонаки тафсон, 3040 дона борҷомаҳои қалбакӣ, 1,4 тонна маводи шустушӯӣ, 1512 қуттӣ тамоку, зиёда аз 13000 дона бозича, 769 парчам, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ ҷавобгӯй набуданд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Дар раванди гузарондани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони агентӣ масъулон дар 4338 ҳолат барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок ба маблағи умумии 1148240 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Самти фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамчун мақомоти назоратӣ ва санҷишӣ ба риояи меъёрҳои стандартии молу маводи дар дохил истеҳсолшаванда ва аз хориҷ воридшаванда, воситаҳои ченаки ягона, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, истеҳсоли маҳсулоти босифату бехатар, умуман бевосита ба ҳифзи беҳдошти рӯзгори мардум нигаронда шудааст. Махсусан дар самтҳои тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Ташкил ва гузарондани семинару курсҳои такмили ихтисос, фиристодани кормандон барои бозомӯзӣ ба хориҷи кишвар, ташкили озмоишгоҳҳои нав, барқароркунӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар масъалаи рушди соҳаи назорати давлатии сифати молу маҳсулот дар оянда низ вусъат хоҳад ёфт.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2017    №: 65    Мутолиа карданд: 548

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед