logo

туризм

ФЕДЧЕНКО ВА ХИРСОН. ТАВАҶҶУҲИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ МЕАФЗОЯД

Пиряхҳои водии Бадахшон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат   тамошогоҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ ва меҳмонони гӯшаю канори кишвар гардидаанд. Ин муъҷизаҳои беҳамтои табиат дар мавзеъҳои  кӯҳии  Абдулқаҳҳор, Пои Мазор, Сумгад, Ванвану Мурғудга ва Змахсум ҷойгиранд.  Ҳавои  софу форам  ва  ҷангалистонҳои анбӯҳ,  марғзорҳои сабз бо  рустаниҳои гуногуни атрофи онҳо ҳар бинандаро шефтаи табиати Тоҷикистон месозад. 
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати  ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари  захираҳои об эътироф гардидааст», -  таъкид доштанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар.
Давлатбибӣ  Раҷабова,  раиси ноҳияи Ванҷ, изҳор дошт, ки пиряхҳои бузург - Федченко, Хирсон ва Кашолях дар минтақа аз захираҳои азими обӣ шаҳодат медиҳанд. Ин манбаъҳои азими обӣ  барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳбудии муҳити зист имконияти васеъро фароҳам сохтаанд. Бинобар ин, истифодаи оқилонаи онҳо дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулони соҳа мебошад. 
Соли   2015 бо ташаббуси Пешвои миллат дар водии Ванҷи Боло, дар мавзеъҳои наздики пиряхҳои минтақа  аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон  марказҳои савдою хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳо барои  сайёҳону меҳмонон  ба фаъолият пардохтанд. 
Дар  мавзеи ҷойгиршавии пиряхҳои Федченкою Хирсон биноҳои  марказҳои илмӣ - тадқиқотии «Хрустал» ва «Далний» низ сохта шуда, бо таҷҳизоти  омӯзиши  ҳолати лозурҳо таъминанд.  Мутахассисони соҳа ҳамарӯза ба воситаи радиоалоқа аз вазъияти пиряхҳо  ба шаҳри Душанбе  хабар ирсол менамуданд.  Аммо кунун   аз шаҳракҳои илмӣ - тадқиқотии домони  пиряхҳои номбурда  ному нишоне нест. Тайи  солҳои охир  танҳо шикорчиён ва  шахсони табиатдӯст ҳангоми ҷамъоварии рустанию  гиёҳҳои шифобахш аз вазъияти  пиряхҳо огоҳӣ пайдо намуда, ба дигарон маълумот мерасонанд.
 Дар ин мавзеъҳо  кони бузурги  мармари сурху сиёҳ низ аз ҷониби геологҳои тоҷик кашф гардидааст. Назриддин Асоев,  мутахассиси соҳа, изҳор дошт, ки  дар ин самт ҳоло ҳам корҳои тадқиқотӣ идома доранд. Яке аз  ширкатҳои  Чин ба коркарди  ин  сангҳо мароқ зоҳир карда, дар ин макон   ду километр роҳи нав ва биноҳои маъмурию  меҳмонхона  бунёд намуд. Ҳамчунин, имсол аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар ва шарикони хориҷӣ дар роҳи 75 - километраи Рохарв -  Пои Мазор 3  пул  сохта хоҳад шуд. 
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2017    №: 65    Мутолиа карданд: 2370

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед