logo

иқтисод

КАРТОШКА. КӢ БОЯД ПЕШИ РОҲИ БОЛОРАВИИ НАРХРО ГИРАД?

Шурӯъ аз моҳи март дар бозорҳои пойтахт нархи маҳсулоти кишоварзӣ,  махсусан картошка, пиёз, сабзӣ баланд гаштааст. Аслан, барои бештари савдогарон ин ҳолат муқаррарист, аммо барои мардум ин ҳол мушкили зиёд пеш меорад, зеро қариб ҳамаи таомҳои миллии мо бо истифода аз ин навъҳои сабзавот омода мешаванд. Махсусан дар рӯзҳои ҷашну маъракаҳо  эҳтиёҷи мардум ба ҳама гуна маводи ғизоӣ бештар мегардад.
Бо мақсади огоҳии бештар пайдо кардан аз вазъи нарху наво аз ду бозори маъруф ва серхаридори пойтахт – «Саховат» ва «Деҳқон» дидан намудем. Дар нуқтаҳои фурӯши ин бозорҳо  картошка 3,80 – 4, пиёз 3 – 3,40, сабзӣ 1,30 – 1,50 сомонӣ нарх дошт.
Аз чанд фурӯшандаи бозор сабаби гароншавии нархро пурсидам.  Дар ҷавоб гуфтанд, ки «нархгузории маҳсулот ба мо вобаста нест, мо аз бозори яклухтфурӯшӣ маҳсулотро қимат мехарем, танҳо дар болои ҳар як килограмм 20 дирам зам мекунем».
Мастон Шарифов, муовини директори КВД бозори «Деҳқон», дар суҳбат  масъаларо чунин шарҳ дод:
- Дар ҳақиқат, гароншавии нархи сабзавот чанд рӯз инҷониб на танҳо дар бозори «Деҳқон», балки дар ҳамаи бозорҳои пойтахт мушоҳида  мешавад. Мо картошкаро асосан аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Тоҷикобод, Лахш, Рашт ва Нуробод ворид мекунем. Моҳи гузашта ҳаво нисбатан сард гашта, дар ин ноҳияҳо барфи баланд борид ва интиқоли бор аз ин ноҳияҳо ба бозорҳои пойтахт мушкил гардид. Имрӯз дар анбор 23 тонна сабзӣ захира шудааст, ки бо нархи дастрас ба фурӯш хоҳем баровард. Инчунин,  чанд рӯз аст, ки аз Афғонистони ҳамсоя пиёзи сурх ворид ва пешкаши харидорон намуда истодаем. Бо боварии том гуфта метавонам, ки ин ҳолат муваққатӣ ва рафъшаванда аст.   
Вақт нишон хоҳад дод, ки рӯзҳои наздик вазъи бозорҳои коммуналӣ чӣ гуна мешавад. То ба бозорҳои истеъмолӣ баромадани маҳсулоти барвақтӣ ҳоло қариб  1,5 – 2 моҳи дигар дар пеш аст. Бо ба охир расидани фасли сармо ва оғози баҳор талаботи мардум ба ҳама гуна маводи ғизоӣ, махсусан меваю сабзавот, бештар меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки масъулон, роҳбарони бозорҳои яклухтфурӯшӣ ва мутасаддиёни дигари соҳа барои ҳалли ин масъала чораҳои дахлдор андешида, ҳолати мазкурро ба танзим дароранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2017    №: 66    Мутолиа карданд: 507

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед