иқтисод
ДУШАНБЕ. ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ ТАНЗИМ МЕШАВАД
Дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони пойтахт ироа гардиданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои бунёди терминалҳои замонавии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар 4 самти даромадгоҳи шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешид. Дар доираи нақша – чорабиниҳо терминалҳои мазкур дар ояндаи наздик ба пуррагӣ бунёд ёфта, ба беҳтар гаштани хизматрасонии нақлиёт дар хиёбону гузаргоҳҳои шаҳр мусоидат хоҳад намуд. Ҳоло бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, чунин терминал дар даромадгоҳи пойтахт аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ва дар маҳаллаи 7 – ум километр сохта шудааст, ки ҳолати тамбашавии воситаҳои нақлиётро дар пойтахт коҳиш додаанд.
Ҷамшед Аҳмадов, роҳбари терминали мусофирбарӣ дар роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа, изҳор дошт, ки иншооти навбунёд барои танзими омадурафти нақлиёти мусофирбари шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла Хуросон, Вахш, Бохтар, Сарбанд, Ҷайҳун, Қубодиён, Дӯстӣ ва Носири Хусрав пешбинӣ гардидааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани терминали мазкур давоми қариб ду моҳ мешавад, ки ҳаракат дар роҳҳои дохили шаҳр то андозае беҳтар гардидааст. Ронандаҳои воситаҳои нақлиёт дар ин ҷо аз рӯйи навбат ва бонизом мусофиронро ба самти дилхоҳ мебаранд. Терминали тозабунёд масоҳати калон дошта, аз меҳмонхона, ҳаммоми замонавӣ, ошхонаи кушоду барҳаво, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, таъмиргоҳ ва ҷойи шустушӯйи мошинҳо иборат аст.
Дар баробари ду терминали замонавие, ки ҳоло дар гӯшаҳои пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, дар самтҳои роҳи Душанбе – Турсунзода ва роҳи Душанбе – Хуҷанд низ барои бунёди терминалҳои боҳашамати мусофирбарӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Бо кушода шудани чунин нуқтаҳои васею замонавии хизматрасонӣ ҳаракати мошинҳо ва мусофирон дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт беҳбудӣ ёфта, ба зебою озода гаштани шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад намуд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.2017 №: 66 Мутолиа карданд: 475