logo

иқтисод

СОҲИБКОРОНИ РОСТОВ: "ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ЗАХИРАҲО БЕҲТАРИН МИНТАҚАИ САНОАТИЮ ТИҶОРАТИСТ"

Фазои мусоиди сармоягузорию соҳибкорӣ, хусусан имтиёзҳои зиёди соҳа дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, имрӯзҳо боиси ҳавасмандии бештари ширкатҳои тиҷоратию саноатӣ барои фаъолият дар кишвар гаштааст. Ширкатҳои зиёди  мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба истеҳсолот ва тиҷорат машғул буда, сол аз сол домани фаъолияти худро васеъ месозанд. Давоми соли гузашта нисбат ба соли 2015 сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон 48, 5 миллион доллари ИМА ё 15 дарсад афзудааст.

28 марти соли равон дар Палатаи савдо ва саноати мамлакат  соҳибкорони вилояти   Ростови  Федератсияи Русия  зимни вохӯрӣ бо доираҳои тиҷоратию  иқтисодии кишвар  изҳор доштанд, ки аз лиҳози имкониятҳои маъмурию андозӣ ва захираҳои табиӣ Тоҷикистон яке аз беҳтарин минтақаҳои саноатию тиҷоратӣ мебошад.
Ба гуфтаи Юрий Шекатурин, директори ташкилоти «Маркази дастгирии содирот» - и вилояти Ростов,  соҳибкорони русиягӣ   омодаанд, ки дар доираи ҳамкорӣ дар мамлакат, бавижа минтақаҳои озоди иқтисодӣ, фаъолияти хешро ба роҳ монанд.
- Мулоқоти навбатии мо гувоҳи он  аст, ки   дар  вохӯриҳои гузашта, соҳибкорону намояндагони иқтисодии Ростов   Тоҷикистонро барои тиҷорату истеҳсолот  кишвари муносиб дарёфтанд  ва ҳоло мехоҳанд фаъолияташонро   дар он густариш бахшанд. Чунин дидору суҳбатҳои дуҷонибаи соҳибкорони ду кишвар  ҷиҳати пайдо кардани шарикони ҳамкор ва гузоштани заминаҳои устувори муносибатҳо  имконияти васеъ фароҳам меорад, - иброз дошт ӯ.
Манзура Рустамова, муовини  раиси Палатаи савдо ва саноат, гуфт, ки айни замон палата бо бахшҳои иқтисодию тиҷоратии  Федератсияи Русия барои фаъолияти муштараки корхонаҳои саноатӣ   беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ  ба имзо расондааст. Дар заминаи қарордодҳои мазкур зиёда аз 300 ширкати тиҷоратӣ   низоми  харид ва интиқоли маҳсулоти Тоҷикистонро  ба гӯшаю канори Русия роҳандозӣ намуданд.  Ташкили намоишгоҳҳои бузурги маҳсулот,  ҳамоишҳо, вохӯрии соҳибкорони ду кишвар ва таъсиси марказҳои пешбурди савдо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба пешрафти муносибатҳои тиҷоратии соҳибкорону  ташкили корхонаҳои муштарак мусоидат намудааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони ширкатҳои «Дил - Лоджик»  дар соҳаи тамғагузорию захираи  маҳсулот,  «Еврологистик» доир ба хизматрасонии воситаҳои нақлиёт,  «Интер - Транс»  барои боркашонӣ,  «СИЭЛ» дар самти истеҳсоли таҷҳизоти электрикӣ ва «РОСТ»  дар соҳаи тавлиди шишачаҳои доруи ҳайвонот бо соҳибкорони тоҷик муколамаи судбахш анҷом доданд. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2017    №: 67    Мутолиа карданд: 192

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд

Шойгу: «Дар Сурия ҳудуди нуфузи ҷангиён ду ним маротиба коҳиш ёфт»

Ҳамкории калонтарин шабакаҳои иҷтимоии Чин бо ҳукумат

Зери таҳримот ҳам иқтисоди Русия рушд мекунад

12.08.2017


Сафири Тоҷикистон дар Эфиопия эътиборнома супурд

Бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара

Душанбе. Анъанаи пардохти иловапулии якдафъаина идома хоҳад ёфт

Ноҳияи Рӯдакӣ. Талабот ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ меафзояд

Хатлон. 15 корхона кор накард

Ҷаҳон дар як сатр

Аксари террорист – маргталабҳои «Боко Ҳарам» занону кӯдаконанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед