logo

фарҳанг

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР МАСКАВ, БЕРЛИН ВА ПАРИЖ

Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо - тоҷикон имсол ҳам мисли солҳои пешин чи дар ватани Наврӯз - Тоҷикистон ва чи берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид ва чорабиниҳои идона ҳамоно идома доранд.

Ахиран, бо ташаббуси сафоратхонаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз Ҷашни байналмилалии Наврӯз - 2017 дар Осорхонаи этнологии шаҳри Берлин баргузор гашт. Дар ин чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи таҷассумгари фарҳанг ва таърихи миллӣ, маводи зиёди таблиғотӣ оид ба Ватани аҷдодӣ ва мавзеъҳои сайёҳии он ба маърази тамошо гузошта шуд. Кормандони сафорат барои меҳмонон суфраи наврӯзӣ бо ғизоҳои миллӣ оростанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар толори яке аз меҳмонхонаҳои маъруфи шаҳри Маскав - «The Ritz Carlton» ба муносибати фарорасии ҷашни эҳёи табиат - Иди байналмилалии Наврӯз маросими тантанавӣ барпо намуд. Дар он намояндагони Ҳукумат ва Думаи давлатии Федератсияи Русия,  корпусҳои дипломатӣ, сафирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, доираҳои илму фарҳанги Русия, тоҷикони муқими шаҳри Маскав ва васоити ахбори омма  иштирок доштанд. Дар ҷашн, инчунин, намояндагони беш аз 70 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, бо таомҳои миллии тоҷикӣ, анъанаву русуми аҷдодии тоҷикон ва суннатҳои марбут ба ҷашнгирии Наврӯзи фархундапай шинос шуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинии наврӯзӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов ҳозиринро ба муносибати Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, таъкид кард, ки Наврӯз чун ҷашни талқингари дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ, сулҳу оштӣ, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо аз кинаю кудурат ва оғози фасли баҳору шукуфоӣ, киштукори зироатҳо ва ҳамчунин, оғози соли нави офтобӣ шинохта шудааст. Ҷашни ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯзи дилафрӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид маҳз нишонаи эътибори ҳамин арзишҳои воло ва натиҷаи ҷаҳду талошҳои зиёди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои таҷлилкунандаи ин иди фаррухпай дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.  Гуфта шуд, ки Наврӯз яке аз идҳои писандидатарини мардуми Машриқзамин ба шумор меравад ва бо фалсафаи башардӯстонаву созандаи хеш дар ҷаҳон машҳур аст.
Дар Маркази фарҳангии Русия дар Париж бошад, бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса ва ҳамкории ҷамъияти тоҷикони ин кишвар - «Равзана» консерти идона бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Фаронса ва истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса Ҳомидҷон Назаров перомуни суннатҳои волои ин ҷашни бостонӣ, ки бархе аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, маълумот ироа дошт. Зикр сохт, ки ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон ва зебои табиат бо азму талош ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ эълон шуд.
Санъаткорони тоҷик - директори Академияи мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов, овозхони шинохтаи тоҷики муқими Швейтсария Заррина Тоҷибоева, ғижжакнавоз Шафақ Қосимова, пианинонавоз Заррина Собирова ва дигар гурӯҳҳои ҳунарӣ  бо барномаҳои ҷолиби консертӣ хотири иштирокдорони чорабиниро шод гардонданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2017    №: 67    Мутолиа карданд: 466

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед