logo

маориф

МУЪМИНОБОД. МАКТАБИ МУСИҚӢ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар теъдоди зиёди муассисаҳои наву замонавӣ бавижа мактабу литсей ва қасрҳои фарҳанг сохтаву мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд.

Бо вуҷуди ин, теъдоди зиёди муассисаҳои фарҳангие низ ҳастанд, ки аз назари масъулони навоҳии кишвар дур мондаю рӯ ба нестӣ оварда истодаанд.
Мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Муъминобод аз соли 1975 - ум фаъолият намуда, теъдоди зиёди мутахассисонро дар соҳаи фарҳангу мусиқӣ омода намудааст. Имрӯз ҳеҷ кас аз он ёд намекунаду бинои муассиса ба харобазор табдил ёфтааст. Норасоии ҷойҳои нишаст, мизу курсӣ, синфхонаҳо ва асбобҳои мусиқӣ аз зумраи мушкилотест, ки хонандагону омӯзгорони ин муассисаро ба ташвиш овардааст.
Рамазон Саидов, директори муассисаи мазкур, мегӯяд, ки «Барои ҳалли мушкилот борҳо ба раиси ноҳия бо мактуб муроҷиат кардем. Дар мактубҳо сабабҳои ба чунин ҳолат афтодани муассисаро баён намудем. Мутаассифона, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳеҷ вокунише ба миён наомад. Дар мактаб танҳо як асбоби мусиқӣ боқӣ мондааст, он ҳам пианино мебошад. Дар муассиса 15 нафар омӯзгор ба 146 нафар толибилм дарс мегӯянд. Барои шогирдон бошад, теъдоди муайяни асбоби мусиқӣ лозим аст. Айни ҳол ин мушкилиро худи хонандагон ва волидони онҳо ҳал намуда истодаанд. Аммо асбобҳое низ ҳастанд, ки ба харидории онҳо на имконияти волидон мерасаду на маъмурияти мактаб».
Феълан бинои муассиса дар бинои собиқ таваллудхонаи ноҳия  қарор дорад, ки барои гузарондани машғулиятҳо мувофиқ нест. Аз норасоии синфхонаҳо як қатор омӯзгорон машғулиятҳоро дар бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2 ва 50, хонаи ятимон ва бепарасторони ноҳия ва бинои бахши фарҳанг мегузаронанд.
Р. Саидов иброз медорад, ки шумораи зиёди волидон барои маълумоти мусиқӣ гирифтани фарзандонашон дари мактабро мекӯбанд. Бо сабаби надоштани шароити мусоид талаботи онҳо қонеъ гардонда намешавад.
Новобаста аз камбудию нуқсонҳои ҷойдошта омӯзгорону хонандагони ин даргоҳи ҳунар дар тамоми чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Сорбони Ҷӯрахон, аз хонандагони муассиса, ки дар синфи 3 - юм бо тахассуси  рубоб ҳунар меомӯзад, мегӯяд, ки мушкили асосии онҳо надоштани ҷой барои гузарондани машғулиятҳои инфиродӣ ва тамрин мебошад. «Мо дар як синфхонаи хурди назарногир таълим мегирем. Он ҳам бошад, деворҳояш кафида. Дар ноҳияи дурдасти мо дастрас намудани асбобҳои хушсифат мушкили дигар мебошад. Шароити аз пойтахт овардани асбоби хушсифатро на ҳар хонанда дорад. Бинобар ин, бо асбобҳои фарсуда машқ мекунем», - мегӯяд С. Ҷӯрахон.
Бинобар иттилои Нурулло Аврангов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Муъминобод, мушкилоти мазкур ба набуди маблағ вобаста аст. «Ба ҳама маълум аст, ки фаъолияти муассиса ба талабот ҷавобгӯ нест. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар ноҳия ба мушкилоти муассисаи мазкур аз паси панҷа менигариста бошанд. Барои сохтани бинои замонавӣ  ва ё таъмири бинои ҳозираи он маблағи калон лозим аст. Мо айни замон ин гуна маблағро надорем. Дарёфти маблағ ва ба мушкилоти муассиса рӯ овардани мақомоти ҳокимияти давлатӣ кори вақт аст», - гуфт ҳини суҳбат Н. Аврангов. 
Дар минтақа ба чунин муассисаҳои фарҳангӣ ниёз доранд. Зарур аст, ки дар роҳи ҳифз ва равнақи онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода барем.
Исломи РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2017    №: 67    Мутолиа карданд: 637

16.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси амниятии Теҳрон

«Қалъаи Хуҷанд». Шумораи сайёҳон меафзояд

Халил Каримов соҳиби ҷоизаи ба номи Питер Капстик гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ироқ сарпарастонро ба барқарорсозии кишвар ҷалб намуданист

Олмон тарзи лағви таҳримоти зидди Русияро гуфт

ИА: 1 миллиард евро барои бунёди фавқулкомпютерҳо

Назарбоев зидди мураккабсозии забони қазоқӣ баромад

Занҳо ба Арабистони Саудӣ танҳо рафта метавонанд

Варзиш

11.01.2018


Боздиди Сарвазири Ӯзбекистон аз Маҷмааи «Кохи Наврӯз»

Ҷаласаи натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ

Муносибатҳои меҳнатӣ ва таълими калонсолон матраҳ шуданд

Баррасии муҳимтарин нуктаҳои Паём дар ноҳияи Рӯдакӣ

ДАРВОЗ. Нақшаи солонаи андоз барзиёд иҷро шуд

ШАҲРИТУЗ. Натиҷагирӣ аз фаъолияти як соҳаи муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар истихроҷи ангишт ба рекорди таърихӣ муваффақ гашт

Чин дар мулоқоти Ванкувер иштирок карданӣ нест

Агентии иттилоотии «Синхуа» ба истифодаи «медиамағз» шурӯъ намуд

Ҳимояи кӯдакон аз таъсири айфонҳо

Ню – Йорк ширкатҳои нафтиро ба суд кашид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед