logo

иҷтимоиёт

НАВОРИ ХОТИРОТ. АЗ НАВБАТИ НОН ТО ФАЙЗИ ДАСТАРХОН

Соли 1992 ба ҳайси мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Кӯлоб, ки дар бинои ҳукумат воқеъ буд, кор мекардам. Дар ҳамон шабу рӯз бисёриҳо дар фикри ёфтани як бурда нон ва ҳимояи оилаву фарзандон аз дасти гурӯҳҳои силоҳбадаст буданд. Вилояти Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт. Ба арзу шикояти мардум муовини раиси  вилоят, зани ҷасуру ҷонфидо Қиммат Рустамова  гӯш медоду бо ҳар роҳу восита ба онҳо ёрии моддию  маънавӣ мерасонд.

Як саҳар, вақти аз назди манзили истиқоматие гузаштан, фиғони ҷонсӯзи зане ба гӯшам расид. Барои тасаллият ба хонааш даромада, ҳуш аз сарам парид. Ҷавони 22 - солаеро бо бераҳмии гӯшношунид ба қатл расондаанд. Бо дидани ин ҳолати даҳшатовар худро дошта натавониста, аз ҳуш рафтам. Баъдан, дар робита ба ин манзараи дарднок таҳти унвони «Бачамой, оҳ бачамой» мақола навишта, моҳи сентябри соли 1992 дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи Ленинӣ» ба чоп расондам.
Дар он рӯзҳои мудҳиш раиси «Бунёди забони тоҷикӣ», Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба шаҳри Кӯлоб омада, бо шавҳарам Қурбоналӣ Атозода, раиси «Бунёди забони тоҷикӣ» дар  вилояти Кӯлоб, барои гузарондани ҷаласаи навбатӣ суҳбат мекарданд. Ба чеҳраи устод нигариста, ҳис мекардам, ки рӯҳу ҷисмашон моломоли дарду ғам аст. Субҳи барвақт ба Душанбе баргашта, рӯзи ҷаласаро аниқ нагуфтанд. Баъди ҳафтае шавҳарамро ба ҷаласа даъват карданд. Аммо рӯзи 12 октябри соли 1992 котиби масъули «Бунёди забони тоҷикӣ» Оишабону занг зада, вазъияти шаҳри Душанберо ба мо фаҳмонд ва хоҳиш кард, ки бо ҳавопаймо ба пойтахт оем. Бо маслиҳати пешакӣ субҳи 14 октябр ба фурудгоҳи  шаҳри Кӯлоб рафта дидем, ки он пур аз гурезагон аст…
Он рӯз ҳаво ниҳоят  хунук буду борон беист меборид. Гурезагони шаҳри Қӯрғонтеппа бо рангу рӯи парида, сару пойи луч гирд омада буданд. Кӯдакон «нон» гуфта, дили моро ба дард меоварданд. На ҳар кас маҷоли ин ҳолатро дидан дошт. Атозода, ки марди ниҳоят ғамхору меҳрубон буданд, ба назди яке аз ин оилаҳо рафта, ба куҷо рафтанашонро пурсон шуданд. Сардори оила - апаи Муҳаббат бо дидаи гирён гуфт, ки аз «Ургутмаҳалла»-и Ҷамоати деҳоти Заргар мебошаду чизу чораашро гурӯҳҳои ҷиноятпеша ғорат намуда, хонаашро оташ задаанд. Зани бечора бо 7 нафар фарзандаш намедонист чӣ кор кунаду ба куҷо равад. Атозода кӯдакони ташнаю гушнаро дида, ба хонаи дуҳуҷрагиамон, ки дар кӯчаи собиқ Ленин 27 воқеъ буд, оварданд. Мо онҳоро қариб як моҳ  нигоҳубин карда, баъд бо роҳи Хуҷанд ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба хонаи хешу таборашон гусел намудем.
Рӯзҳое, ки ин гурезагон дар хонаи мо зиндагӣ доштанд, то поси шаб назди заводи нони шаҳри Кӯлоб дар навбати хлеб истода, ба ҳар нафар 100 граммӣ мегирифтем.
Худованд он рӯзҳоро дигар ҳеҷ гоҳ нишон надиҳад. Ҳазорҳо бор шукр, ки ба бахти халқи ранҷдидаи тоҷик Пешвои маҳбуби кишварамон сари қудрат омаданду чун офтоби дурахшон роҳи моро равшан карданд. Бояд ба қадри ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, ки бо амри тақдир баъди чандин аср соҳиб шудаем, расем ва нагузорем, ки ҷанги бародаркуше, ки солҳои 90 - ум бо таъсири омилҳои дохилию берунӣ ба сари мардуми тоҷик даҳшату бесарусомониҳо оварда, боиси марги ҳазорҳо нафари бегуноҳ гашта буд, такрор ёбад.
Бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, ҳифзи амнияти давлату миллат, устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва обод гардондани ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ аз худи мо вобастагӣ дорад. Бояд мо насли калонсол саҳифаҳои мудҳиши солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба манзури ибрат ва ташаккул додан тафаккури солими насли ҷавон ёдовар шавем. Шукрона бояд кард, ки бо талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари ҷангзадаи мо аз ҳолати парешонӣ наҷот ёфт ва имрӯз дар фазои беғубору осуда ба сар мебарем. Агар замоне соатҳо дар навбати нон будем, имрӯз аз файзи ваҳдати миллӣ дастархони мо пурнозу неъмат аст. Дар хонадони тоҷик суруру шодмонӣ ҳукмфармост. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами давлат мамлакати мо на танҳо аз доми даргириҳо берун омад, балки дар ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳпарвару ташаббускор дар ҳали масоили глобалии ҷаҳонӣ шинохта шуд. Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди худогоҳ дар ҳифзи сулҳу ваҳдат ва якпорчагии ин сарзамин талош варзад. Ва бо иттиҳоду ҳамбастагӣ ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Зебунисо САЪДУЛЛОЕВА, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2017    №: 68    Мутолиа карданд: 172
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед