logo

номаҳо

"ҶУМҲУРИЯТ" РӮЗНОМАИ ДӮСТДОШТАИ МОСТ

Ҳар шумораи ин рӯзномаро бесаброна интизор мешавам. Ҳамин ки ба даст мерасад, нахуст ба саҳифаи аввали он чашм медӯзам. Чун ҳамешагӣ  «Сухани рӯз» ва хабарҳои тозаи гӯшаи «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳон дар як сатр»  диққатамро ба худ мекашад. Мутолиа мекунаму лаззат мебарам. Ойинаи пурҷилое гӯё бо ман ҳамсуҳбат мегардад. Ойина софу пок аст ва аз ҳар гӯшаю канор бароям маълумот медиҳад. Хабарҳои ин саҳифа хурд-хурду хонданибоб мебошанд ва тарзи пешниҳоди шоистае доранд. Саҳифаҳои рӯзнома аз хабару гузоришҳои навин ва лавҳаю очеркҳои муосир низ пур мебошанд. Бахусус, саҳифаи иттилоотӣ – фароғатии «Шоми шанбе» хеле хонданию дилкаш таҳия мегардад. Хабарҳои тозаи саҳифа ва тозатарину ҷолибтарин навидҳои фарҳангӣ – адабӣ, шеъру ҳикоёти марғуб аз рӯзгори гузаштагону муосирон, ки бо аксу расмҳои афсонавӣ оро ёфтаанд, хонандаро ба сайри олами андешаҳои рангину дурпарвоз ҳидоят месозанд.
Эълон намудани озмун дар пешорӯи иди бузурги миллӣ 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва бахшида ба Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум аз ҷониби идораи «Ҷумҳурият» ташаббусест нек. Он дар худшиносии шаҳрвандон, пойдории сулҳу ваҳдат ва боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ мусоидат мекунад. Нашри силсилаи мақолаҳо дар ин мавзӯъ нишон дод, ки ҳанӯз бисёр паҳлуҳои зиндагию фидокории Нусратулло Махсум пурра омӯхта нашудааст. Ва ин иқдоми идораи рӯзнома боиси таълифи мақолаҳои наву пурмазмун гардида, туҳфаи хубест ба Ҷашни Ваҳдати миллӣ.
Ҳамчунин, озмуни дигари рӯзнома бахшида ба Соли ҷавонон бо номи «Пайрави Пешво» хеле саривақтӣ ва муҳим мебошад. Дар саҳифаҳои рӯзнома матлабҳои проблемавӣ, таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ низ ба табъ мерасанд, ки дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат менамоянд. Фаъолияти ҳайати эҷодӣ чашмрас буда, мувофиқ ба талаботи замон аст. Ба ҷуз ин, шахсиятҳои маъруф, мутахассисони соҳаҳои гуногун бо маводҳои ҷолибу хонданӣ баромад мекунанд. Шукр мекунему ифтихор менамоем, ки «Ҷумҳурият» ҳар рӯз аз нашр мебарояд ва зуд дастраси хонандагон мегардад.
Маҷид САЛИМ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2017    №: 68    Мутолиа карданд: 1646
28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ

16.09.2022


ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед