logo

иқтисод

ДЕВАШТИЧ. АЗ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ОБ ТО ТАВСЕАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ

Кишоварзони ноҳия аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ истифода намуда, дар доираи амалисозии «Барномаи амнияти озуқаворӣ» дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии замин, пешбурди соҳаи чорводорӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Натиҷаҳои соли гузаштаи кишоварзони ноҳия зимни баргузории семинар – вохӯрӣ,  ки бо иштироки Рустам Ҷӯразода, раиси ноҳия, баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси ноҳия зимни суханронӣ омилҳои  рушди соҳа, истифодаи самараноки об, мувофиқи талабот ба роҳ мондани хушзоткунии чорво, камбудиҳои мавҷуда, аз ҷумла паст будани ҳосилнокии ғалладона, маҳсулнокии ками чорво, аз байн рафтани фермаҳои чорводорӣ, бекормонии заминҳои кишоварзӣ ва масъалаҳои дигари хоҷагидориро шарҳ дод. 
Чорводорон бо фаъолияти фермаҳои навташкил ва маркази хизматрасонии хушзоткунии чорво дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ошно гаштанд.
Барои истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калон ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, ки талаби замон аст, дар ноҳия тадбирҳои босамар роҳандозӣ гардидаанд. Ҳоло дар ноҳия бештар аз 3000 хоҷагии инфиродӣ  фаъолият дорад.
Ташкили боғу токзор ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ки яке самтҳои асосии таъмини амнияти озуқаворианд, беҳбудӣ ёфтааст. Танҳо соли сипаришуда 49 гектар боғу 3 гектар токзор бунёд ёфт. Деҳқонон бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон дар 7565 гектар кишти тирамоҳӣ гузарондаанд. Кирмакпарварони диёр, бо вуҷуди душвориҳои соли гузашта, нақшаи пешбинигардидаро назар ба солҳои қаблӣ барзиёд иҷро намуданд. Айни замон онҳо майдони тутзорро васеъ ва бехи дарахтонро нарм мекунанд.
Фирдавс  АШӮРОВ, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2017    №: 69    Мутолиа карданд: 125

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед