logo

иҷтимоиёт

ВАТАНДОРӢ. РОҲЕ, КИ ПОЁНАШ НАМЕБИНАМ

Қаҳрамони мо, бонуи қавииродаву ҳунарманд Шарофат Арабова, бо вуҷуди ҷавонӣ рассом, коргардон ва номзади илмҳои таърих асту роҳбарии Иттиҳодияи эҷодии кинематографистони ҷавон «Дебют», ҳамчунин, мактаби синамогарони ҷавони киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» - ро бар уҳда дорад. Ӯ аз он ҷавонони хушбахт аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба воя расида, моҳияти ҳифзи манфиату арзишҳои миллӣ ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба ҷавонон дарк кардааст ва дар ҷавоби ин ғамхориҳо мехоҳад барои рушди соҳаи кино саҳм бигирад.
Шарофат пас аз хатми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба Донишкадаи синамои Ҳиндустон, воқеъ дар шаҳри Пуна шомил шуда, муддати панҷ сол он ҷо таҳсил кардааст. Бо азми қавӣ ва дурнамои корҳои бунёдӣ ба даргоҳи «Тоҷикфилм» баргашт, зеро айёми кӯдакиву наврасиаш дар ин боргоҳи маърифат сипарӣ шуда буд. Ӯ ҳамеша ҳамроҳи падараш – Мамадқул Арабов, коргардони маъруфи тоҷик ба киностудияи «Тоҷикфилм» меомад ва рӯзҳо ва баъзан маврид шабҳо дар ҳавлии муассиса бозӣ мекард, гаштугузор менамуд, бо ҳунармандони маъруф рӯ ба рӯ меомад, аз ҳунарнамоии онҳо баҳрвар мешуд. Он лаҳзаҳо дар дунёи афсонаҳои тифлӣ ғарқ буду шояд намедонист, ки рӯзе боз ба ҳамин даргоҳ бармегардад.
Шарофат Арабова замоне ба Кумитаи телевезион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омад, ки «Тоҷикфилм» ба ҷавонони болаёқат, соҳибтаҷриба ва навовар ниёз дошт. Ӯ бо диди тоза, таҷрибаи бойи санъати кинои хориҷӣ, тарзу усулҳои муосири филмбардорӣ ва донишу малакаи рангини касбӣ барои ояндаи кинои тоҷик иқдоми ҷиддиеро пеш гирифт. Ба эҳёи мактаби синамогарони ҷавони киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» кӯшиш кард ва ин талоши бонуи ҳунарварро роҳбарияти Кумитаи телевезион ва радио низ дастгирӣ намуд.
Шарофат Арабова солҳои таҳсилро дар Ҳиндустон ба ёд оварда, бо як ҷаҳон меҳру ихлос аз Ватану миллати хеш сухан мегӯяд: «Дар хориҷа солҳои таҳсил дарк кардам, ки ҳаргиз ба умқи фарҳангу тамаддуни мардуми бегона расида наметавонем, чуноне ки аз дирӯзу имрӯз, фарҳангу таърих ва расму оини ниёгони хеш огоҳем. Зеро инсоне, ки рӯҳияи тоҷикӣ дораду вуҷудаш аз дарду доғ ва шодиву нишоти халқи хеш сиришта шудааст, наметавонад бе ёду ҳасрати зодгоҳаш зиндагӣ кунад. Дар давоми панҷ соли таҳсил дар Ҳиндустон ҳамагӣ се бор ба Душанбе омадам ва дар мулки Ҳинд ғоибона дар кӯчаҳои шаҳри азизам қадам мезадам, барои рушди соҳаи кино дар Тоҷикистон нақшаву ниятҳои нек дар дил мепарваридам».
Чӣ тавре ки ёдовар шудем, Шарофат Арабова номзади илми таърих буда, мавзӯи пажӯҳишаш таърихи кинои тоҷик аст. Вақте ӯ сари ин мавзӯъ кор мекард, маълум шуд, ки дар замони шӯравӣ барои рушди ин соҳаи санъат корҳои бунёдӣ анҷом ёфтааст, аз ҷумла соли 1965 ташкил ёфтани мактаби синамогарони ҷавон дар назди «Тоҷикфилм». Пас аз омӯхтану шинос шудан бо фаъолияти ин мактаб нияти аз нав эҳё кардани ин боргоҳ дар дилаш пайдо шуд. Ва ӯ бо ин мақсад моҳи октябри соли 2016 нахустин довталабонро ба ин мактаб ҷалб кард.
Шарофат ва ҳамкасбони ӯ аз 43 нафар дархост пешниҳодкардагон 18 нафарро тариқи суҳбату санҷиш ба курси синамогарони ҷавон пазируфтанд ва инак аз 1 декабри соли гузашта то имрӯз дарсҳо идома доранд.
- Ҳангоми баргузидани истеъдодҳои ҷавон бори дигар бовар ҳосил кардем, ки шавқмандону толибони ҳунари кино бисёранду бештарашон муттаҳидӣ ва раҳнамоӣ мехоҳанд. Барои гузарондани дарсҳои гурӯҳи 18 - нафарае, ки ҳоло чун гурӯҳи таҷрибавӣ амал мекунад, дар киностудияи «Тоҷикфилм» ҳамаи шароитҳо муҳайё гашта, асбобу анҷоми техникиву наворбардорӣ дар ихтиёри ҷавонон вогузошта шудааст. Дар давоми панҷ моҳ аз синамогарон талаб карда мешавад, ки корҳои амалии курсӣ ва ду филми кӯтоҳмуддати дипломӣ ба навор бигиранд, - иттилоъ медиҳад ҳамсуҳбати мо.
Воқеан ҳам, дар яке аз дарсҳои мактаби мазкур иштирок намуда, бовар ҳосил кардем, ки Шарофат Арабова тамоми имконият ва донишҳои амаливу назариявии худро баҳри рушди истеъдодҳо равона сохтааст. Ӯ дар байни синамогарони аз 20 то 40-сола на ҳамчун омӯзгор, балки мисли дӯст, рафиқ, мунаққиди кино, коргардон, мутахассис ва гоҳо чун тамошобин гашта, фикру андешаҳои худро иброз медорад, маслиҳату машварат медиҳад ва дигаронро низ шунида, кӯшиш мекунад, ки ба мавзӯи мавриди баҳс аз даричаи завқу салиқаи шогирдонаш нигарад.
Ин бонуи илму ҳунар дар Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Русия аз бозомӯзӣ ва курсҳои махсус гузаштааст. Аз ин рӯ, донишҳои касбӣ ва маҳорату малакаи солҳо андӯхтааш мусоидат карданд, ки барномаи дарсии  мактаби синамогарони ҷавони киностудияи давлатии «Тоҷикфилм»-ро худаш таҳия намояд. Омӯзиши таҷрибавии ин мактаб моҳи майи соли ҷорӣ ба охир мерасад ва боз 18 нафар мутахассиси соҳаи кино соҳиби сертификат мешаванд. Яке аз ҳадафҳои асосии ин курс бо кадрҳои болаёқат таъмин кардани «Тоҷикфилм» мебошад. Дар замони шӯравӣ ин мактаб шуҳрати беандоза дошт ва дар он Марат Орипов, Маргарита Қосимова, Муқаддас Маҳмудов барин ҳунармандони маъруф дарс мегузаштанд. Мақсади ниҳоии Шарофат Арабова низ аз сари нав барқарор кардани ному нишони қаблии ин муассиса аст.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ин бонуи ҷавону ботаҷриба имрӯзҳо дар радифи Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев яке аз муаррифгарони Тоҷикистони азиз аст. Ҳар сол муттасил ба кинофестивалҳои байналмилалии кино ҳамчун аъзои ҳакамон даъват карда мешавад. Ӯ аъзои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон буда, узви Ассотсиатсияи рушди кинои Осиё мебошад ва дар хориҷи кишвар ҳамчун мутахассиси соҳаи кино маъруфият дорад.
Шарофат Арабова вусъати бунёдкориву созандагӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногунро, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, боиси ба эҳёи мактаби синамогарони ҷавон камар бастани худ медонад ва дар ин росто меафзояд: «Ҳамчун рӯшанфикр ва соҳиби ин марзу бум такопӯву талошҳои Сарвари давлатро барои бунёди неругоҳҳои обии барқиву коргоҳҳои муҳташам ва китобхонаву осорхонаву театри бошукӯҳ мебинаму худ аз худ меандешам, ки дар баробари чунин бузургвориву дарёдилӣ обод кардани як гӯшаи кӯчаки диёр қарзи виҷдониву инсонии мост. Аз ин сабаб, талоши ободии Ватанро на вазифаву масъулият, балки қарзи виҷдонии худ медонам. Ватандорӣ бо хоҳишу ниёиш ба охир намерасад. Ба қавли шоир:
Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист,
Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2017    №: 69    Мутолиа карданд: 365
18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед