logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. НАҚЛИЁТИ РОЙГОН ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

Шаҳри Душанбе  дар раванди гузариш ба марҳилаи нави рушд қарор дошта, ҳолати  шаҳрдорӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Беҳбуд бахшидан ба соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ, хусусан соҳаи нақлиёти мусофиркаш ва таъмини хизматрасонии босифат, акнун аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.  

Субҳ ба коргоҳ меомадам. Дар истгоҳи бозори «Корвон» вориди нақлиёти мусофиркаши хатсайри № 2 (автомашинаи тамғаи «Меrsedes Benz», рақами давлатиаш 90 39 тт 01), ки дар пешгоҳи оинааш навиштаҷоти «Роҳкиро ройгон» буд, нишастам. Ронанда воқеан ҳам аз мусофирон роҳкиро намегирифт. Ҳама мусофирон дар ҳайрат афтоданд. 1 апрел ҳам набуд, ки ҳазл пиндорем, аммо ба ҷиддияти он бовар надоштем.
Ронанда Шерхон Алиев ба анбӯҳи ҳайратзадаи мусофирон муроҷиат намуда, иброз дошт, ки ин иқдом бо ибтикори шаҳрдорӣ ва Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус - 2» ба роҳ монда шудааст ва аз ин ба баъд ҳар рӯз мусофирон метавонанд тариқи хатсайри мазкур дар як микроавтобуси хатсайр ройгон сафар кунанд. Ба суоли «ин иқдом дар ҳамаи нақлиётҳои хатсайр амалӣ мешавад?» Ш. Алиев посух дод, ки «не, ҳар рӯз танҳо як нақлиёти мусофирбар ба таври ройгон дар хизмати мусофирони пойтахт хоҳад буд».
Барои боварӣ ҳосил намудан бо директори ККВД «Автобус - 2» Раҷабалӣ Раҳимов ҳамсуҳбат шудем. Ӯ бо тасдиқи ин матлаб, гуфт , ки ин иқдом ҳанӯз аз 20 март ба роҳ монда шудааст. Нақлиёти мусофиркашонии тамғаи «Меrsedes Sprinter» дар хатсайри № 2 (аз бозори «Корвон» то маркази савдои «Ситора») ба таври доимӣ ба мусофирон ройгон хизмат мерасонад. Ногуфта намонад, ки рӯзи 20 март инчунин автобуси № 1 (хатсайри Чимтеппа – майдони Сарҳадчиён) ба таври ройгон дар хизмати шаҳрвандон қарор дошт. Мо ният дорем, ки дар ин хатсайр хизматрасонии ройгонро дар рӯзҳои ид низ ба роҳ монем. Мақсад аз ин беҳтар намудани хизматрасонӣ дар шаҳр мебошад».
Шаҳбоз АБРОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 233

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед