logo

фарҳанг

"ШАШМАҚОМ ВА НАЗМИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ" РӮНАМОӢ ШУД

Шашмақомро  метавон бо бузургтарин падидаҳои фарҳангию  эстетикии ҷаҳон  ба мисоли гимнҳои  авестоӣ, операҳои аврупоӣ ва дигар намунаҳои бузурги  эҷодиёти  аҳли башар  ҳамрадиф шуморид. Он на танҳо  маҷмӯи суруду  таронаҳо, балки  шоҳасари  бадеию фалсафӣ мебошад, ки  дар худ кулли қонуниятҳои низоми табиат, шинохти олами атроф ва осори ҳастиро таҷассум намудааст. Ин нукта зимни рӯнамоии китоби тозанашр - «Шашмақом ва назми форсии тоҷикӣ» - и Аслиддин Низомӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ,  иброз гардид.
Олимону донишмандони тоҷик зикр намуданд, ки китоби  мазкур аввалин асари илмиест, ки  бо таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи пайванди шеъри форсии тоҷикӣ ва мусиқии ҳирфаии халқи тоҷик  бахшида шудааст.
Фарҳод  Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои кишвар, гуфт, ки  муаллифи асар  бо такя ба маълумоти зиёди дар рисолаҳои  олимони  аҳди қадим, аз ҷумла Ибни Хурдодбеҳ, Ал - Киндӣ, Ал - Форобӣ, Ибни Сино, Муҳаммад Нишопурӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ гирдовардашуда, инчунин, бо истифода  аз осори ба Шашмақом бахшидаи муаллифони муосири тоҷик ва ҷаҳонӣ муносибати шеъру мусиқиро  мавриди таҳлил қарор додааст.
Ба гуфтаи коршиносон, дар китоб кулли ҷанбаҳои  маънавӣ ва бадеӣ - эстетикии мусиқии классикии тоҷик – Шашмақом дар муқоиса  бо анвои пурғановати  назми форсии  тоҷикӣ - ғазал, тарона, мухаммас, тарҷеъбанд, рубоӣ, байт, мустазод ва ғайра  таҳлил  ва таҳқиқ шудааст. Он барои  доираи васеи  муҳаққиқони  соҳаҳои мусиқӣ, адабиёт  ва мухлисони ҳунари волои Шашмақом пешбинӣ шудааст.
Абдунабӣ Сатторзода гуфт, ки мавзӯи  пайванди  шеър ва мусиқӣ ё шеър ва оҳанг, нағма  ва назм  аз  ҷумлаи масъалаҳоест, ки  аз замонҳои  қадим то  ба имрӯз ҳамеша   дар маркази диққати аҳли адаб ва ҳунар, донишмандону мусиқишиносон қарор дорад.  Дар ин замина, дар гузашта ва замони муосир дар кишварҳои Шарқ ва Ғарб таълифоти зиёди пурарзиш анҷом пазируфтааст. Аммо мавзӯъ ва масъалаи  китоби «Шашмақом ва назми форсии тоҷикӣ» комилан тоза    мебошад.
Аслиддин Низомӣ зиёда аз бист сол аст, ки  ба таҳқиқи  ҷанбаҳои гуногуни  пайванди  шеъру  мусиқӣ  дар мисоли Шашмақом машғул  гардида, дар ин замина  китобу  мақолаҳои зиёде нашр намудааст.
Фарзонаи  ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 273

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед