logo

иҷтимоиёт

ОБ БОЛОТАР АЗ ОН АСТ, КИ МЕПИНДОРЕМ

Олимон ҳисоб кардаанд, ки 65 дарсади бадани одамро об ташкил медиҳад. Агар одам 20 дарсади оби баданашро гум кунад, ба ҳалокат мерасад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон аз нӯшидани оби ифлос 5 миллион нафар вафот мекунад ва 3 миллиони дигар  ба маризиҳои гуногун гирифтор мешавад. Дар рӯйи Замин феълан 1,2 миллиард одам ба оби нӯшиданӣ дастрасии дуруст надошта, зиёда аз 3 миллиард кас аз одитарин шароитҳои санитарӣ маҳрум мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  иброз доштанд: «Боиси зикр аст, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтанд. Кишвари мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли  дигар масоили ҳалталаби  байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд».
Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ  Акобир Каримов мегӯяд:
- Боиси хушнудист, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфтани даъвату ташаббусҳои наҷиби Президенти мамлакат обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баландтар бардошт ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун абармарди дунёи сиёсат дар ҳалли масъалаҳои об дар арсаи байналмилалӣ маъруфу маҳбуби оламиён гардонд.
Дар радифи ҳаллу фасли масоили марбут ба об ҳадафи асосии Сарвари давлат он аст, ки дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъмини оби тоза,  ҳифзи муҳити зист, захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо муваффақ шавем, зеро танҳо дар зарфи 50 соли охир ҷаҳон шоҳиди зиёда аз 37 ҳодисаю муноқишаи марбут ба масъалаи истифодаи об шудааст.
Абдуҷаббор БОЙМУРОДОВ,
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 167
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед