logo

муҳоҷират

МУҲОҶИРАТ. ЧАНД ИМТИЁЗИ РУСИЯ БА ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

Аз 25 март то 24 апрели соли равон муҳоҷирони кории тоҷик имкон доранд дар ҳудуди  Федератсияи Русия барои қонунӣ гардондани будубош, тамдид ва сабти расмӣ дар мақомоти марбутаи ин кишвар ҳозир шаванд. Дар ин муддат шаҳрвандони Тоҷикистон барои қоидавайронкунии будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд. Инчунин, шахсоне, ки дар ин кишвар муҳлати будубошашон гузаштааст, метавонанд дар муддати як моҳ ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд. Ба онҳо барои қонунӣ гардондани будубош корти муҳоҷиратии нав, бо нишон додани мақсади вуруд, дода мешавад.

Агар шаҳрванд ба қоидавайронкунии маъмурӣ, ки сабаби ихроҷ шуданаш гардидааст, роҳ дода бошад, метавонад ба мақомоти  муҳоҷиратӣ  муроҷиат намояд. Дар ин сурат нисбат ба ӯ чораи маъмурӣ андешида намешавад. Ҳамчунин, дар ин муҳлат нисбат ба ягон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Русия қарор дорад, чораи маъмурӣ оид ба қонунҳои муҳоҷиратӣ татбиқ намегардад. Ҳангоми муроҷиати шаҳрванд ба ӯ корти муҳоҷиратӣ ва қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 90 рӯз дода мешавад ва шахс имкон дорад дар ин муддат будубоши худро қонунӣ гардонад. Дар ҳолати гум кардан ва ё надоштани корти муҳоҷиратӣ ба шаҳрванд корти муҳоҷиратии нав, бо ҳуқуқи будубошаш дар муҳлати 90 рӯз дода мешавад. Ҳоло намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи гуногуни Федератсияи Русия, бо мақсади татбиқи ин чорабинӣ, бо муҳоҷирон вохӯриҳо доир менамоянд.
Тавре Моёншо Маҳмадбеков, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мо иттилоъ дод, чунин имтиёз бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия ба даст омадааст. Созишнома дар ин бора 27 феврали соли 2017 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Душанбе ба имзо расид.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2017    №: 70    Мутолиа карданд: 1911

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед