logo

фарҳанг

КУРТАИ ЧАКАНИ МАН…

Куртаи чакани ман - нақши сӯзаниҳои очаи чакандӯзам, самараи меҳнати дастони ларзону чашмони камбинаш, нишонаи  духтари тоҷик будан ва ғурури шаҳомати ман. Гӯё дар рангҳои ришта-риштаи ин пираҳан орзуву ормон ва хоставу ниятҳои неки очаи гулкорам, «ки рӯзи тӯй дида дар қади ман бишканад армон», нуҳуфтааст.
Ин куртаи алвони ман бо рангҳои ба ҳам омехтаи сурху сабз, норинҷу бунафш, кабуду гулобӣ... омадани баҳору Наврӯзро пайғом дода, гӯё гулҳояш чун гулҳои наврӯзӣ накҳати умеду зиндагиро дорад. Ин пираҳани миллӣ ба чашми ҳар бинанда завқу шавқ ва ҳисси баланди зебоипарастӣ эҳдо мекунад. Эҳсоси хушию фараҳ арзонӣ бод он бонуи азизеро, ки чакан ба бар кардааст. Имрӯзҳо хушбахтона саҳифаҳои интернетиро, ки шабакаи ҷаҳонист, аксҳои гурӯҳ-гурӯҳ духтарони чаканпӯши тоҷикро дидан мумкин аст, ки ҳамчун намоди озодагӣ ва муаррифгари халқи тоҷик ба тамошо гузошта шудааст. Бавижа, рӯзҳои баргузории Наврӯз кӯчаҳои шаҳру навоҳии кишвар ва наврӯзгоҳи пойтах моломол аз бонувони чаканпӯш мешавад, ки аз тамошояшон чашми кас серӣ намеёбад.
Мо, тоҷикон чӣ толеи накӯе дорем, ки тамоми ҷаҳониён моро бо фарҳанги бисёрсолаи ғаниямон мешиносанд. Вақте ки варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева дар Лондон бо куртаи чакан байрақи Тоҷикистонро боло мебардошт, дигар ҷойи муаррифӣ набуд. Зеро чакани ӯ худ як рамзи тоҷикону Тоҷикистон буд. Он лаҳзаҳоро танҳо нафаре метавонад эҳсос кунад, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта бошад. Он лаҳзаҳои таърихӣ, ки назари оламиён ба ин варзишгардухтари мо дӯхта шуда буд, кас фарқ намекард, ки чакан зеби Мавзуна аст ва ё Мавзуна зеби чакан.
Куртаи чакан як либоси аз муд нараванда, як пероҳани куҳнанашавандаву зебдиҳанда ва арзанда ба бонуи тоҷик аст. Гулдухтари чаканпӯши тоҷик бо он гесӯвони мушкин, қади расо, ҳусни дар зебоӣ бебаёнаш дар ҳақиқат зеби достону шеъри фаровон дорад.
ШАҲРЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2017    №: 71    Мутолиа карданд: 269
22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед