logo

фарҳанг

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД

Новобаста аз сардии ҳавои имсола Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Тоҷикобод бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Субҳи 2 – юми апрел  пиру барнои ноҳия ба варзишгоҳи марказии ноҳия бо рӯҳи болида ва хушнудӣ ҷамъ омаданд.
Дар шафати ҷашнгоҳ намоиши дастовардҳои аҳли заҳмат ва ҳунармандони ноҳия баргузор гардид. Дар он маҳсулоти ташкилоту корхонаҳо ва дастранҷи кишоварзону ҳунармандони мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар намоиш тибқи таомули мардуми маҳаллӣ дастархонҳои идонаи бо ҳафт сину ҳафт шин орододашуда ва таому шириниҳои  наврӯзӣ низ пешкаш гардиданд.
Чорабинии асосии идона бо намоиши театрикунонидашудаи аҳли ҳунар оғоз гардид. Дар назди ҳозирин арӯси сол - маликаи Наврӯз дар ҳалқаи гулдухтарони атласпӯш гаштугузор намуда, аз омадани фасли зебои сол башорат медод.
Раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо ва раиси Кумитаи оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ҷамъомадагонро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд. Зикр  гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ноҳияи Тоҷикобод сол то сол ободу зебо мегардад. Бунёди чандин иншооти бузург, ба монанди пули азими Ваҳдат, шоҳроҳи байналмилалии аз масири ноҳия гузаранда, сохтмони варзишгоҳи дорои беш аз 6 ҳазор ҷойи нишаст ва меҳмонхонаи сеошёнаи замонавӣ симои ноҳияро ба куллӣ дигаргун намудаанд. 
Бояд зикр намуд, ки мардуми заҳматқарини ноҳия Наврӯзи имсоларо бо иҷрои як қатор корҳои наҷиб пешвоз гирифтанд. Дар арафаи ҷашн ҳамарӯза аҳолии деҳот ба ҳашари умумӣ баромада, баҳри ободии диёрашон заҳмат кашиданд. Соҳибкорони маҳаллӣ низ аз ин амали хайр дар канор намонда, барои корҳои ободонӣ қариб 50 ҳазор сомонӣ ҷамъ намуданд. Аз ин ҳисоб як қатор корҳо иҷро карда шуд. Аз ҷумла, қисмати ғарбии варзишгоҳи марказии ноҳия низ аз ҳамин ҳисоб пӯшонда шуд. Дар кӯчаҳои марказии ноҳия дарахтони арчаву сарв ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шуданд. То ҷашн дар шафати шоҳроҳи байналмилалӣ лавҳаҳои калонҳаҷми таблиғгари дастовардҳои замони истиқлолият, тараннумгари сулҳу ваҳдати миллӣ ва Ҷашни Наврӯз насб гардиданд.
Дар чорабинии идона, ҳамчунин ҳунармандони Ансамбли эстрадии эҷодии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳти сарварии Исматулло Холов, ҳунарманди ҷавон Шаҳзоди Даврон ва гулдухтарони ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро», бо роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Дилором Сатторова ҳунарнамоӣ намуда, ҷашни наврӯзиро рангину хотирмон намуданд.
Дар доираи чорабиниҳои тантанавӣ дар толори меҳмонхонаи тозабунёди ноҳия хатнасури 35 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои ниёзманд ва ҷашни арӯсии панҷ ҷуфти навхонадорон баргузор гардид. 
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2017    №: 71    Мутолиа карданд: 359

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Остона бо Пекин созишнома ба тасвиб мерасонад

Доналд Трамп аз мушкилоти ҳамкории тиҷоратӣ бо Чин нақл кард

14.05.2018


Баргузории фестивали ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт

Оғози Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед