logo

иқтисод

ФАРХОР. СОЛИ БЕҲДОШТИ ДАСТРАСӢ БА ОБИ ПОЛИЗӢ

Дар ноҳияи Фархор таваҷҷуҳ ба соҳаи кишоварзӣ бештар гардидааст. Тавре Сулаймон Вализода, раиси ноҳия, иттилоъ дод, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия иқдоми наҷиби барои рушди бахши кишоварзӣ қабл аз ҳама тоза кардани каналҳо, заҳбуру заҳкашҳо, наҳру ҷӯйборҳо ва таъмини саривақтии оби полизии  хоҷагиҳоро пеш гирифтааст.
Ҳоло дар каналҳои магистралии Сурхоб, шохаи обтаъминкунӣ, Майдапата, наҳри обтаъминкунии пойгоҳи обкашии Уртабуз ва ҷӯйбори Қалъаи Пучқоқ корҳои тозакунӣ ҷараён доранд. Барои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо 10 экскаватор, 2 булдозер ва мошину техникаи дигар сафарбар шудаанд. 39 канали байнихоҷагии ноҳия, ки дарозии онҳо 636,1 километрро ташкил медиҳад, барои обёрии 24,6 ҳазор гектар замин пешбинӣ шудаанд.
Каналҳои магистралии зикршуда таърихи 80 - сола доранд. Ғунҷоиши онҳо аз 10 то 25 мукаабметр об мебошад. Ба андешаи коршиносони соҳаи кишоварзӣ, солҳои пеш деҳқонон аз нарасидани оби полизӣ танқисӣ мекашиданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон каналу заҳбурҳо тоза шуда, дастрасии кишоварзон ба оби полизӣ беҳтар шуд.
Бино ба иттилои Карим Ашуров, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, дар байни ин каналҳо пойгоҳи обкашии барқии Уртабуз яке аз калонтаринҳо буда, барои обёрии 5,4 ҳазор гектар замин пешбинӣ шудааст. Барои бо оби полизӣ таъмин кардани 24,6 ҳазор гектар замини ноҳия дар мавсими имсола 20 пойгоҳи обкашии иқтидорашон гуногун хизмат мерасонанд. Мутаассифона, қарзи истифодабарандагони оби ноҳия феълан 4,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Соли гузашта набудани назорати қатъӣ дар мавзеъҳои обрасонии мошинии Уртабуз, куҳна шудани дастгоҳҳои обкашӣ, инчунин, нарасидани маблағ барои таъмири дастгоҳҳои оббарорӣ боиси рух додани садамаҳои техникӣ ва норасоии оби полизӣ гардиданд. Барои омодагӣ ба мавсими имсола 42 километр ҷӯйборҳои обрасонӣ, 22 километр заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагӣ тоза карда, 10 иншооти гидротехникӣ, 10 иншооти обченкунӣ ва 22 дастгоҳи обкашии барқӣ аз таъмир бароварда шуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади бартараф намудани мушкилоти соҳаи кишоварзӣ, соли 2017 - ро Соли беҳсозии хизматрасонии оби полизӣ ба кишоварзон эълон кардааст. Мақсад аз ин иқдом паст намудани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои боир, инчунин, аз байн бурдани норасоии оби полизӣ мебошад.
Холназар КАСИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2017    №: 71    Мутолиа карданд: 607
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед