logo

иҷтимоиёт

ЭҲСОН. САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДИИ ВАТАН МЕАФЗОЯД

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи хуҷастапай авҷ гирифтани хайру саховати ватандӯстона ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти зиёди маишию хизматрасонӣ аз баракати ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат аст. Ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ ва кушоду барҳаво бо иштироки Президенти кишвар зимни нахустин рӯзи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри Турсунзода намунае аз дастовардҳои навин дар ин ҷода мебошад.
Иншооти мазкур бо маблағи 11 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдуқаҳҳор Ғаффоров бунёд ёфтааст. Ин бинои 6 – ошёнаи тозабунёд дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳр сохта шуда, ба ҳусни маҳалҳои аҳолинишин зебоӣ зам намудааст. Он дорои 4 қисм ва маркази калони хизматрасонӣ мебошад. Масоҳати умумии хонаҳои истиқоматӣ, ки бо тарзи меъмории миллӣ сохта шудаанд, 5 ҳазору 750 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва аз 153 манзили истиқоматии 1, 2 ва 3 ҳуҷрадор иборат мебошад. Саҳни бино ба таври муосир оро ёфта, барои фароғату бозии хурдсолон майдончаи нави варзишӣ ба истифода супурда шуд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав меҳмонону сокинони шаҳр барои аз намудҳои гуногуни хизматрасонии ба талаботи замон ҷавобгӯй баҳравар шудан имконияти васеъ пайдо намуданд.
Ба гуфтаи Абдуқаҳҳор Ғаффоров, бешак, чунин муваффақиятҳо аз шароити хеле хуби фаъолияти соҳибкорӣ ва имкониятҳои васеи соҳа шаҳодат медиҳанд. Ӯ дастоварди номбурдаро ба дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут дониста, ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ изҳори сипос намуд ва сохтани боз 2 бинои баландошёнаи истиқоматиро бо ҷойгир намудани таваққуфгоҳи зеризаминӣ ваъда дод.
Ҳамчунин, Пешвои миллат дар рӯзҳои минбаъдаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз зимни сафари кории хеш ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба фаъолияти як қатор иншооти таъйиноти гуногун, ки аз сӯйи соҳибкорони ватанӣ сохта шудаанд, ҳусни оғоз бахшид. Аз ҷумла, ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 – и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба истифода додани бинои 9 – ошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 34 – уми шаҳри Хуҷанд, корхонаи коркарди меваи «Баракати Исфара» дар шаҳри Исфара, Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ва баҳрабардории иншооти нав дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо ҳузури Сарвари давлат самараи пешравии фаъолияти соҳибкорон ва фоли нек аст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2017    №: 71    Мутолиа карданд: 153

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд

Шойгу: «Дар Сурия ҳудуди нуфузи ҷангиён ду ним маротиба коҳиш ёфт»

Ҳамкории калонтарин шабакаҳои иҷтимоии Чин бо ҳукумат

Зери таҳримот ҳам иқтисоди Русия рушд мекунад

12.08.2017


Сафири Тоҷикистон дар Эфиопия эътиборнома супурд

Бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара

Душанбе. Анъанаи пардохти иловапулии якдафъаина идома хоҳад ёфт

Ноҳияи Рӯдакӣ. Талабот ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ меафзояд

Хатлон. 15 корхона кор накард

Ҷаҳон дар як сатр

Аксари террорист – маргталабҳои «Боко Ҳарам» занону кӯдаконанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед