logo

иқтисод

ЧАРО "КОМБИНАТИ ШИРИ КӮЛОБ" ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР НАДОРАД?

 Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон теъдоди зиёди корхонаҳои бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифодаи умум қарор дода шудаанд, ки аз як тараф барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани мардум мусоидат кунанд, аз ҷониби дигар дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми муассир мегузоранд.

Мутаассифона, имрӯз дар шаҳри Кӯлоб баъзе корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият боз мондаву рӯ ба харобӣ овардан доранд, аз ҷумла ҶСП «Комбинати шири Кӯлоб». Аксари сехҳои он аз фаъолият боз монданд. Истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва қаннодӣ самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур аст, аммо  ҳоло ҳамагӣ се сехи қаннодӣ фаъолият мекунаду халос.
- Корхона аз фаъолият боз намондааст, балки муваққатан кор намекунад, зеро мавсимӣ мебошад. Дар фасли сармо маҳсулоти ширӣ ва қаннодӣ истеҳсол намуда, пешкаши мизоҷон мегардонем. Давоми соли ҷорӣ ба маблағи 382 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудем. Маҳсулоти корхона дар бозор ҷойи вижаи худро дошта, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Соли оғози фаъолият дар корхона 60 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳру деҳоти Кӯлоб бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Алъон 30 нафар  фаъолият доранд, ки  музди маоши миёнаи онҳо 400 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби дигари пурра фаъолият накардани корхона ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолшуда ва камии харидор аст. Маблағ нест. Омили дигаре, ки садди роҳи корхона гардидааст, таъсиси коргоҳҳои хурди зиёди хусусӣ дар шаҳр мебошад. Дар ин корхонаҳои хусусӣ истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, обҳои нӯшокӣ ба роҳ монда шудааст, - гуфт  сармуҳосиб Азиз Сафаров дар шарҳи ин қазия.
  Мавсуф иловатан иброз дошт, ки корхона ба ғайр аз маҳсулоти ширӣ боз маҳсулоти қаннодӣ, обҳои нӯшокӣ, консерва ва дигар намуди молҳои истеъмолӣ истеҳсол мекунад. Ба иддаои мутасаддиён, корхона мавсимӣ буда, дар фасли зимистон маҳсулоти қаннодӣ ва фасли тобистон бошад, маҳсулоти дигар, аз қабили яхмос, обҳои нӯшоӣ ва консерва истеҳсол мекунад.
Исломи РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2017    №: 71    Мутолиа карданд: 187

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед