logo

иқтисод

"СПИТАМЕН - ТЕКСТАЙЛЗ" ФАЪОЛИЯТ НАМЕКУНАД. ЧАРО?

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ресандагии «Спитамен - Текстайлз», воқеъ дар ноҳияи Спитамен,   моҳи чорум аст, ки фаъолият намекунад. Бино ба иттилои сарвари корхона Абдулқодир Бақоев,  сабаби асосии бозистии корхона набудани ашёи хом - нахи пахта мебошад.

Тавре сарвари корхона дар ҷараёни суҳбат гуфт, ҷиҳати рушди бемайлон дар навбати аввал зарур аст, ки чанд имтиёз фароҳам оварда шавад, аз ҷумла таъмини корхона бо ашёи хом бо нархи дастрас ва таъмини мунтазами корхона бо барқ. Ба инобат нагирифтани ин омилҳо дар марҳилаи аввали фаъолият имкон намедиҳад, ки корхона  босамар фаъолият намуда, коркарди пахтаро то маҳсулоти ниҳоӣ расонад.
 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар ба масъулони соҳа супориш доданд, ки корхонаҳои коркард аз андози  фурӯши нахи пахта дар дохили кишвар озод карда шаванд. Татбиқи ин супориш имконият фароҳам меоварад, ки  коркарди нахи пахта дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ афзуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд. Ҳамзамон, ин иқдом ба афзуншавии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, зиёдшавии иқтидори содиротӣ, ҷалби ҳар чи бештари асъори хориҷӣ ва афзоиши ҳавасмандии пахтакорон ба истеҳсоли маҳсулот мусоидат мекунад.
   Корхонаи «Спитамен - Текстайлз» ҳанӯз соли 2009 бо иқтидори коркарди 3500 тонна нахи пахта  мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ин дам дар ғанӣ шудани буҷаи маҳаллӣ ва таъмини даҳҳо ҷавондухтарони хонашин бо шуғли доимӣ нақши муҳим дорад.
 Бино ба иттилои Рауфҷон Сангинов, муовини аввали раиси ноҳияи Спитамен, талошу такопӯи муассисону мутахассисони корхона ҷиҳати роҳандозии фаъолияти минбаъда самар набахшида истодааст.  Пас чӣ гуна метавон рушди минбаъдаи саноатро аз ҳисоби коркарди ашёи хоми ватанӣ ба роҳ монд? Саволест, ки аз масъулон посух мехоҳад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»

АЗ ИДОРА:
Чун матлаб омодаи чоп мегашт, иттилои директори ҶДММ «Спитамен-Текстайлз» Абдулқодир Бақоев  расид, ки ҷиҳати аз нав ба фаъолият шурӯъ кардани корхона бо чандин хоҷагиҳои ноҳия оид ба хариди ашёи хом шартномаҳо ба имзо расиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2017    №: 72    Мутолиа карданд: 241

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед