logo

иҷтимоиёт

КҲФ: ЭҲТИМОЛИЯТИ ХАТАР ЧАНД РӮЗИ ДИГАР БОҚӢ МЕМОНАД

Бо гузаштани 2 - 3 рӯз аз ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво якбора бад шуда, ба хоҷагии халқ хатари ҷиддӣ пеш овард. Боридани  боронҳои пуршиддати паёпай ва барфи тар боиси фаромадани селу ярч ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо гардид.
Тавре «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва сардорони  ситодҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру навоҳии кишвар иттилоъ гирифт, охири моҳи март ва аввали моҳи апрел ярчу сел ва лағжиши кӯҳпора ба хоҷагии халқи ВМКБ хисороти ҷиддӣ расонд. Лағжиши кӯҳпора дар Тем, Бизмич ва маҳаллаҳои дигари шаҳри Хоруғ чанд хонаи истиқоматӣ, мошинсаройи хоҷагии ҷангал ва коргоҳи дуредгариро қисман хароб кард. Беш аз 40  оила муваққатан ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуд. Бо сабаби сари вақт ба ҷойҳои бехавф кӯчондани сокинони маҳалҳои эҳтимолии хатар касе  аз аҳолӣ осеб надидааст. Бар асари фаромадани сел мавзеъҳои алоҳидаи роҳҳои Душанбе - Дарвоз - Кӯлоб - Хоруғ - Мурғоб - Қароқум, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Роштқалъа ба муддати кӯтоҳ баста шуданд. Бо дастури Сарвари давлат мақомоти иҷроияи давлатии ВМКБ барои рафъи  фаврии оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои саривақтӣ андешид. Ба мавзеъҳои зарардида техникаи кофии роҳнигоҳдорӣ сафарбар гардид. Хонаҳои сокинони зарардида дастӣ тоза карда шуданд. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, сокинони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ва деҳоти дурдасти ноҳияи Шуғнон бо маводи озуқаворӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин гардиданд. Бо ибтикори муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷиҳати пешгирии талафёбии чорво барои сокинони деҳоти дурдасти Шуғнон, ки аз тӯлонӣ омадани зимистони имсола захираи хӯроки чорворо ба охир расонданд, аз ноҳияҳои Ёвону Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ему алаф фиристода шуд.
 Дар натиҷаи баланд шудани сатҳи об 3 апрел рӯди Оқтоқ дар мавзеи Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ аз соҳил сар зада, ба баъзе қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон осеб расонд. Ҳамин рӯз, тибқи иттилои маркази матбуоти кумита, иншооти ёрирасони сокини деҳаи  Шӯли Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт ва се иншооти ёрирасони сокинон дар шаҳраки  Оби Гарм аз фаромадани ярч зиён диданд. Дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон  дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Сурхоб  қитъаҳои наздиҳавлигии 3 хоҷагии хусусӣ зери об монданд.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, вазъи номусоиди боду ҳаво, аз ҷумла боридани борони сел, барфи тар ва шиддати суръати шамол, дар кишвар то охири  ҳафта идома меёбад. Дар робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи  шаҳрвандии Тоҷикистон аз хавфи  болоравии сатҳи об дар дарёҳои Сурхоб, Яхсу, Хингоб, рӯдҳои водию доманакӯҳҳои Ҳисор, эҳтимолияти фаромадани сел, ярч ва резиши санг хабар дода, аз сокинони мамлакат хоҳиш кардааст, ки то ҳадди имкон аз сафар ба ҷойҳои хатарзо, омодасозии ҳезум, шикор ва корҳои саҳроӣ дар манотиқи хавфноки кӯҳистон худдорӣ кунанд, ҳангоми зарурати сафар бо роҳҳои кӯҳӣ нақлиёти худро бо воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз созанд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2017    №: 72    Мутолиа карданд: 193

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед