logo

иҷтимоиёт

РАШТ. НИЁЗМАНДОН ТАНҲО НЕСТАНД

Дар ноҳияи Рашт бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона таъсис дода шудааст. Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия соли 2015 таъсис ёфта, тайи ду сол дар шакли пилотӣ фаъолият дорад.

Бо дастгирии Пешвои муаззами миллатамон аз 1 январи соли 2017 фаъолияти худро дар шакли шуъбаи мустақил ва маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ роҳандозӣ намуд.
Ба гуфтаи Б. Муродов то имрӯз 54 оила, аз ҷумла 22 нафар калонсолон ва 32 нафар кӯдакони ятим аз 11 деҳа ба қайд гирифта шудаанд. Шуъба бо мақсади ба муҳит мутобиқшавӣ ва офияти шаҳрвандоне, ки муваққатан ва ё доимӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, як қатор тадбирҳои судмандро ба нақша гирифтааст.
Бо ҷалби соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша нигоҳубини оилаҳои камбизоат зери назорати доимӣ қарор гирифтааст. Дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳои миллӣ ба онҳо ёрии моддию моливӣ расонда мешавад.
- Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи дар ҷамоатҳои деҳоти Тагоба, Боқӣ Раҳимзода, Нусратулло Махсум, Қалъаи Сурх ва Ҷамоати шаҳраки Ғарм фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, ҳоло дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ машғул ба фаъолият аст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки то нимаи соли ҷорӣ ҳамаи оилаҳои ниёзманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба нигоҳубини доимии кормандони шуъба фаро гирифта мешаванд. Кормандони беморхонаи марказии ноҳия, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, шуъбаҳои бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф дар ин самт бо мо ҳамкорӣ доранд. Умед дорем, ки дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва шахсони саховатпеша дар ин кори хайр бо мо баҳри дастгирию нигоҳубини оилаҳои ниёзманд ҳамкорӣ менамоянд, - гуфт дар анҷоми суҳбат Бахтиёр Муродов, сардори шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 122

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед